ИТТИФОҚИ КАСАБАИ УСТОДОН ВА КОРМАНДОН

Бо шарофати истиқлолият ва  сулҳу субот,  дар ҳамаи гушаҳои  кишвари азизамон насими кору эҷод танинандоз буда, мардуми шарифи он дар партави сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зеботар шудани ҷумҳуриамон кӯшиш менамоянд. Дар чунин давраи  ҷушу хуруши созандаи миллат, аъзоёни иттифоқи касабаи устодон ва кормандони  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, барои дар сатҳи баланд ва шукуҳи хоса таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Донишкада омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Таърихи таъсису инкишофи Донишкадаро бе фаъолияти иттифоқи касабаи устодон ва кормандони он тасаввур намудан муҳол аст, чунки Иттифоқҳои касаба ягона ташкилоти ҷамъиятии расмие мебошанд, ки ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи кормандони муассисаю корхонаҳоро новобаста аз мансубияти ҳизбӣ, динӣ, ирсию мазҳабиашон ҳимоя менамоянд. Аз ин рӯ, таърихи Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишкада ба таърихи худи Донишкада ҳамранг буда, дастоварду мушкилотҳои воқеии ҳаёти Донишкадаро дар ҳамаи марҳиллаҳои фаъолияташ, пурра таҷассум менамояд.

Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишкада бо назардошти шароиту вазифаҳои нави замони истқлолият кору фаъолияташро ба роҳ монда, барнома ва нақшаи кориашро ба иҷрои вазифаҳои дар назди Донишкада гузошташуда ҳамоҳанг менамуд. Яке аз масъалаҳои асосии иттифоқи касаба дар давраи истиқлолият ин — дар якҷоягӣ бо раёсати Донишкада:  андешидани чораҳо барои беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандон; боло бардоштани сатҳи маош, додани мукофотпулиҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо мақсади ҷалби онҳо ба Донишкада; ҳавасманд намудани кормандон барои беҳтар намудани сифати корҳои таълиму тарбия ва омодакунии мутахассисон дар Донишкада буд.

Ҳамасола Иттифоқи касаба барои дар сатҳи баланд гузаронидани иду  ҷашнҳои  умумидавлатию сунатиамон, махсусан иди Наврӯз диққати ҷиддӣ медищад. Иттифоқи касаба дар якҷоягӣ бо Раёсати Донишкада кӯшиш менамуданд, ки баргузории ҳар як иду тантанаи умумихалқӣ хотирмон бошад, барои баланд шудани худшиносию масъулияти кормандон мусоидат намояд. Бо ин мақсад дар баробари чорабиниҳои тарғиботию фарҳангӣ, дар арафаи иду ҷашнвораҳо, кормандони Донишкада, махсусан кормандони камбизоат бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳамаи ин таваҷҷуҳи хосаи  Роҳбари давлат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моро вазифадор менамояд, ки тамоми имкониятҳоямонро барои беҳтар намудани кори таълиму тарбия, омодакунии мутахассисон, ба талаботи ҷумҳурӣ наздик намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона намуда, барои рушди ватани азизамон саҳми муносиб гузорем.