• Вазифаҳои (Уҳдадориҳои) куратор:

Вазифаи куратори гурӯҳи академӣ иборат аст, дар гузаронидани чорабиниҳои муҳим бо донишҷӯёни фаъол, кумакрасонии мустаҳкам ва худидоракунии донишҷӯён, мутаҳид ва наздик шудан ба равишҳои таълиму тарбия, ташкил ва дӯстии коллективи донишҷӯён.

Иҷроиши худи ташкилӣ – тарбиявӣ ва назорати вазифаҳо, куратор вазифадор аст:

  1. Гузаронидани пурсишҳои гурӯҳӣ бо роҳи фардӣ, тадқиқотҳои сотсиологӣ ё дигар намуди кор, ҳаёт ва ҳавасмандии таълимии ҳар як донишҷӯи гурӯҳи академӣ, дар ҳолати зарурӣ бо волидон, наздикони донишҷӯ робита (алоқа) намудан.
  2. Назорати кардани семестри ҷорӣ ва муввафақияти (нағз хондан) донишҷӯён, ташкил ва муҳокимаи ҷамъбасти санҷишию имтиҳонии нимсола дар гурӯҳҳои академӣ. Дар якҷоягӣ бо гурӯҳи академӣ қабул ва ҳали фиристодани мактуби раҳматномавӣ (аз номи садорати факултет) ба волидони донишҷӯён.
  3. Ташкили маълумот барои донишҷӯён ба чорабиниҳои муҳими ҷаъмиятӣ- сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, ва баҳси дигари чорабиниҳо.
  4. Маълумот додан ба раёсат, деканат, ташкилотҳои ҷаъмиятӣ ба дархостҳо, муҳтоҷи ва хушнудии донишҷӯёни гурӯҳи академӣ.
  5. Дар якҷоягӣ бо фаъолони гурӯҳҳои академӣ тартиб додани тавсифнома дар назди донишҷӯёни гурӯҳ ба равиши таълим ва равонаи онҳо ба кор.
  6. Ҳама вақт мавҷуд будани ахборотҳо бо роҳи миқдори гурӯҳҳо, азхудкунии варақаи шахсии донишҷӯён, варақаи таълимӣ, назорати донишҷӯёни худи, пурсиши пинҳонӣ (анкетавӣ) бо онҳо гузаронидани суҳбатҳои гурӯҳӣ ва фардӣ.
  7. Мунтазам рафтан ба хобгоҳҳои донишҷӯён, ҷорикунии кор ба шакли муайян даровардани ҷаҳонбини ва дигар ҷиҳат тайёр намудани мутахассисон.
  8. Гирифта бурдани журнал, дар яке навишта шудани ҳамаи маълумотҳои зарури ба донишҷӯёни гурӯҳҳои академӣ ва чорабиниҳои гузаронидаи кураторон.
  9. Дар ҳолати зарурӣ ташкил кардани тавсифномаи касбӣ-ҷаъмиятӣ дар худи гурӯҳи таълимӣ.