Барномаи грантии “Беҳтар намудани сифати таълим ва ихтисоси касбии донишҷӯдухтарон дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент”

Маълумоти умумӣ:

Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ  Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд.

         Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Созишномаи грантӣ аз 25.09.2019, №15/2-2 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ “Беҳтар намудани сифати таълим ва ихтисоси касбии донишҷӯдухтарон дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент”.

Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа:

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур беҳтар намудани сифати таълим ва ихтисоси касбии донишҷӯдухтарон дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент.

Қисматҳои лоиҳа/самтҳои асосии фаъолият:

1. Беҳтар намудани сатҳи омӯзиши духтарон бо роҳи ташкил намудани курсҳои иловаги англисӣ, русӣ, хитоӣ, тарзи рӯзгордорӣ ва омӯзиши системаи таҳсилоти фосилавӣ;

2. Баланд бардоштани шавқи духтарон ба таълим бо сохтани маркази информатсионию коммуникатсионӣ;

3. Васеъ намудани имкониятҳои бо кор таъминкунии духтарони хатмкунанда дар рафти кофтукоби кор ва машғулшавӣ бо роҳи ташкил намудани тренингҳо ва семинарҳо дар мавзӯъҳои гуногун;

Муҳлати татбиқи лоиҳа: 12 моҳ мебошад

Оғози лоиҳа: ноябр соли 2019                                 

Анҷоми лоиҳа: ноябр соли 2020           

previous arrow
next arrow
Slider