Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот

Маълумотномаи муфассал дар бораи шуъбаи идоракунии
сифати
таҳсилот

           Бо мақсади  сари  вақт пурра амалӣ намудани талаботҳои замимаи якуми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  03.03.07,№ 105.«Дар  бораи хадамоти давлатии назорат  дар  соҳаи маориф», фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  15,03,07,№330 дар  назди Раёсати таълими донишкада  Бахши идоракунии сифати тахсилот ташкил  карда  шуд.

      Шуъбаи идоракунии сифати  таҳсилот ҳоло  яке  аз марказҳои таълимию методӣ  дар   донишкада  ба  шумор рафта, ҷиҳати болоравии сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии донишҷӯён мунтазам мониторингҳо, санҷишҳои корӣ ва машваратӣ гузаронида, натиҷаҳои онро барои баррасӣ ба  Шӯрои олимон ва Раёсати донишкада пешниҳод менамояд.
Имрӯзҳо  шуъба фаъолияти худро тибқи нақшаи Раёсати донишкада, Шӯрои олимон, Низомнома ва нақшаи кории шуъба  ба роҳ мондааст.
Аз  тарафи кормандони   шуъба  давоми  соли  таҳсили   2019-2020 масъалаҳои зерини таълимӣ,  ба  монанди сифати дарсҳои устодон, ҳуҷҷатҳои таълимии устодон  дар  раванди дарс  (КТМ, китобҳои дарсӣ дастурҳои методӣ), истифодаи аёниятҳо, воситаҳои техникӣ дар  дарсҳо, истифодаи тахтаи электронӣ мавриди назорат ва санҷиш қарор дода шудаанд.Таҳлилҳо собит намуданд, ки фаъолияти кормандони   Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот давоми  соли  таҳсили  2019-2020, аз  ҷумла  дар  самти  баланд  бардоштани сатҳи сифати таълим натиҷаи дилхоҳ доданд.

Ҳоло вазъи ҳуҷҷатгузорӣ  дар  кафедраҳо, садорати факултетҳо (барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, КТМ,   нақшаҳои корӣ, мавзӯъҳои таълимию методӣ ва ғайра) хеле хуб гардидаанд. Айни замон, кормандони  шуъба кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019 – 2020 давомоти донишҷўёнро зери назорати ҷиддӣ гирифта, дар болоравии сатҳу сифати таълим нақши назаррас мегузоранд.