Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Озмун ва олимпиадаҳо

Иштироки донишҷӯён дар озмун-олимпиада

Моҳи марти соли 2020 дар    дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти “Ҷоми академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии онҳо, инчунин дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни зинаи бакалавр ва мутахассиси курсҳои 1-5-уми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи илмҳои математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ иштирок доштанд.