Сохтори корҳои тарбиявӣ сохтори таркибии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буда, дар асоси Оинномаи Донишкада ва Низомномаи Сохтори корҳои тарбиявӣ  амал намуда, тамоми масъалаҳое, ки ба тарбия алоқамандӣ дорад дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ мегирад ва сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш мавқеъ ва мароми аҳли зиёро дар созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускории аҳли ҷомеа таҳлил намуда, таъкид кардаанд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо диққати ҷиддӣ ба ғайр аз тадрису таълим, ба корҳои тарбиявӣ низ равона карда шавад. Аз ин рӯ, Раёсати донишкада ва Сохтори корҳои  тарбиявӣ сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар фаъолияти гуногунҷабҳаи худ дастуру супориш ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе, Қарорҳои Шӯрои олимонро сармашқи кори худ қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо тамоми кӯшиш ва қувваю ғайрати худро равона менамояд.

Шуъбаҳои ташкиливу тарбиявӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, тарғиботию фарҳангӣ, бахши кор бо занон ва духтарон, Шӯрои кураторон, Шӯрои донишҷӯён, сохтори корҳои тарбиявӣ буда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия мекунад, аз таъриху фарҳанг ва асолати миллии хеш огоҳ менамояд, дар асоси расму оини арзишманди ниёгони хеш бунёди давлатдориву меҳанпарастонаамонро мустаҳкам менамояд.

Бо мақсади ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкада ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ Сохтори корҳои тарбиявӣ нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи Донишкада зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.