Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Факултети Филология

Декани факултети филология
Мақсудов Зафар Очилдиевич

Филология таҳкурсии натанҳо улум, балки ҷамъи
таммаддуни  инсонист…


Факултаи филологияи Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 2001 таъсис ёфтааст. Факултет аввал чун кафедраи ҷамъиятӣ,кафедраи гуманитарӣ,сипас факултети омўзгорӣ,факултети забонҳо ва аз соли 2007 чун факултаи филология фаъолият менамояд. Дар аввал он дорои 4 кафедра: кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик,педагогика ва психология,забонҳои хориҷӣ ва забони русӣ буд.Роҳбарии факултаро номзади илмҳои филологӣ дотсент Фарҳод Ҳусейнзода,ки яке аз олимони маъруфи диёр буда,дар илми адабиётшиносии муосири тоҷик мавқеи арзанда дорад,ба ўҳда дошт.  Аз соли 2007 то 2013 сарварии факулта ба зиммаи олим,номзади илмҳои филологӣ Мизроб Ғаффоров вогузошта шуд.

 Аз моҳи маи соли 2013факулта дорои 2 кафедра буда, вазифаи декании ин факултаро олими ҷавон,номзади илми педагогика  Зафар Мақсудов ба зимма дорад. Дар факулта 26 нафар устодони донишманду тавоно,номзадҳои илм,аъзоёни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,дорандаи мукофоти давлатӣ ба донишҷўён сабақ меомўзанд,ки Саъдӣ Маҳдиев,номзади илми филологӣ, профессор Саидбой Шербоев,профессор Муаззамхон Ансоров ,номзадҳои илми филологӣ Ҷовид Холов, Фарҳод Ҳусейнзода, Зафар Мақсудов, Мизроб Ғаффоров, Усмонов Ҷумабой,Худоёрова Норинисо  .узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи ордени Шараф дараҷаи 1 шоир Анварбеки Абўнаср,узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,нависандаи таърихнигор Давлатшоҳи Тоҳирӣ, узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон Зиёбой Ҷалилов , Ходими хизматнишондодоаи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллифи чандин асарҳои илмию методӣ ва татқиқотӣ Хоҷамуҳаммади Муҳаммадзод ва чанде дигарон аз қабили инҳо мебошанд.

                Устоди факулта номзади илми филологӣ Мизроб Ғаффоров соли 2008 дар конфронси байналмилалӣ бахшида 1150-солагии устод Рўдакӣ таҳти унвони « Рўдакӣ ва тамаддуни ҷаҳон» дар мавзўи  « Нигоҳи Сайид Нафисӣ ба осори устод Рўдакӣ» суханронӣ намуд. Устоди дигари факулта Ҷовид Холов соли 2012 дар донишгоҳи Синзияни Чин дар мавзўи « Роҳи абрешим воситаи Суғд бо Чин»,сали 2013 дар шаҳри Гуваанди Ҳиндустон дар мавзўи « Таъсири Мавлоно ба Ғарб»,моҳи ноябри соли2013 дар шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Ауссия дар мавзўи  « Робитаҳои Панҷакенти бостон бо Ҳинд»,соли 2014 дар шаҳри Гуваанди Ҳиндустон дар мавзўи  « Омилҳои забони тоҷикӣ форсӣ дар забони урду» суханронӣ намудааст.Зиёда аз 13 асарҳои илмӣ ва 50 мақолаҳои илмӣ,методӣ ва омавии устод рўи чоп омадааст,ки ин ифтихори на танҳо факулта балки донишкада мебошад. Устодони дигари факулта Шарифова Гулпарӣ,ки дар арафаи ҳимояи кори илмии хеш аст дар конференсияҳо баромадҳои пурмўҳтаво намудааст.  Самеҳова Додарой, Шарифова Гулбону, Абдуллозода Нўшофарин. Воҳидова Гулнора ва Абдуқодири Наҷмиддин аз рўи мавзўҳои илмии хеш кор карда истодаанд.

Дар факулта аз рўи 2 ихтисос 140 нафар донишҷўён таҳсил менамоянд. Дастпарварони   факулта   боиси ифтихор мебошанд.  Дар факулта роҷеъ ба омўзиши забон ва ба риоя ва иҷроиши қонун дар бораи забон аҳмияти ҷиддӣ дода шудааст.Кабинети фаннӣ бо аёниятҳо муҷҷаас буда дарсҳо таввасути тахтаҳои электронӣ ба роҳ монда шудааст. Раёсати донишкада барои баланд бардоштани савияи дониши касбии устодон пайваста кушиш менамояд. Дарсҳои гузаронидаи Академик Маҳмадулло Лутфуллоев ,профессор Саидбой Шербоев, номзади илмҳои педагогӣ Абдусамади Мулло, Нуралии Нурзод номзади илмҳои филологӣ ва Мубашири Акбарзод дар баланд бардоштани сатҳи дониши устодон ва донишҷўён саҳми арзанда дорад. Дар факулта гузаронидани ҳамоишҳои илмӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

.Дар ҷодаи илм факултаи филология гомҳои устувор дорад. Мақолаҳо ва дастурҳои илмию методии омода намудаи устодон  дар саҳифаҳои номаву маҷҷалаҳо рўи чоп омад,ки дар баланд бардоштани савияи дониш ва сифати таҳсил раҳнамои хуб аст. Дар айни замон факулта дорои 2 ихтисос забон ва адабиёти тоҷик ва методикаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошад. Сарварии кафедраи забон ва адабиётро устоди ҷавон Абдуллозода Н ба ўҳда дорад. Мудири кафедраи педагогика ва МТИ номзади илмҳои филологӣ М.Ғаффоров мебошад. Факулта дорои 4 кабинети фаннӣ ва 8 утоқи дарсӣ буда кабинетҳо бо тахтаи электронӣ ва аёниятҳои замонавӣ таъмин карда шудааст.

Рўйхати пурраи кормандони факултет

Ному насаб вазифа Унвон
Мақсудов Зафар Очилдиевич Декани факулта Номзади илмхои педагогӣ
Ғаффоров Мизроб Ҷалилович Мудири кафедраи педагогика ва психология Номзади илмҳои филологӣ
Абдуллозода Нўшофарини  Сафадухт Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик унвонҷў
Усмонов Ҷумабой Қулҷонович Сардори сифати таҳсилот Номзади илмҳои филологӣ
Хўҷова Барно Устоди калон  
Отабоева Ҳалима Илёсовна Устоди калон  
Отабоева Истамой Илёсовна Устоди калон  
Абдуқодири Наҷмиддин Устоди калон унвонҷўй
Ёқубова Санавбар Бўрибоевна Устоди калон  
Шарифова Гулпарӣ Ҳамдамовна Устоди калон унвонҷўй
Шарифова Гулбону Абдувоҳидовна Устоди калон  
Равшанов Шамс Гулистонович Устоди калон  
Самеҳова Додарой Раҳимқуловна Устоди калон  
Қурбонова Афзуна Азимбоевна Устоди калон  
Тошева Моҳира Атобуллоевна Устоди калон  
Воҳидова Гулнора  Рафиқовна Устоди калон  
Саидмуродова Махбуба Толибовна Устоди калон