Роҳбарии корҳои таълимии низоми таҳсили ананавӣ ва кредитии факултетро муовини декан  оид ба корҳои таълим-эдвайзер ба ӯҳда дорад.

         Муовини декани факултет оид ба корҳои таълим – эдвайзер фаъолияташро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомнома оид ба ташкили ҷараёни таълим дар шароити низоми кредитии таҳсилот», «Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Мушовараи Вазорат, фармоишҳои Вазири маориф ва мактубҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишгоҳ, қарорҳои Шӯрои олимон,  фармонҳо ва дастуру супоришҳои Ректори Донишгоҳ, ноибони он, мудири шӯъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ, декани факултет ва қарорҳои Шӯрои олимони факултет ба роҳ мемонад.

Муовини декан оид ба таълим – эдвайзер дар назди факултет ташкил шуда, бевосита ба декани  факултет ва мудири шӯъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ итоат мекунад.

         Ба вазифаи  муовини декан оид ба таълим – эдвайзер  корманде таъин карда мешавад,  ки  масъулиятшинос ва таҷрибаи ѓанӣ дар Донишгоҳ дошта бошад,  таркиби нақшаи таълим, ҷараёни таълим ва ихтисосҳоро ба хубӣ дарк намояд ва ба донишҷӯён ҷиҳати муайян намудани маҳруки таҳсилот, ташаккули нақшаи фардии таълим, интихоби фанҳо ва омӯзгоронмаслиҳатҳои муфид дода тавонад. Инчунин бо компютер кор карда тавонад ва барномаҳои Word ва Exsel- ро пурра аз бар карда бошад.

         Муовини декан оид ба таълим – эдвайзер дар мувофиқа бо декани факултет ва мудири шӯъбаибақайдгирӣ ва машваратӣ тибқи фармони Ректори Донишгоҳ ба мӯҳлати 5 сол ба вазифа таъин ва аз вазифа озодкарда мешавад. Дар сурати иҷро накардани супоришҳо ва нарасидани қобилияти корӣ ва роҳбарӣ пеш аз муҳлат дар асоси банди мазкур қарордодаш бекор карда мешавад.

Муовини декани факултет оид ба корҳои таълим – эдвайзер роҷеъ ба фаъолияташ дар назди мудири шӯъбаи бақайдгирӣ, декани факултет ва Шӯрои олимони факултет ҳисобот медиҳад.