Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Иқдоми башардӯстонаи сарвари кишвари Тоҷикистон.

Санаи  2-майи соли 2019 Раёсати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар Шурои олимони донишкада оид ба “Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”,  иброз доштанд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик сиёсати имрӯзаи Пешвои миллатро якдилона дастгирӣ менамоем.  Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор гирифт.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо  ва марказҳои  нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Таҳти  Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд. Ин иқдоми наҷибона ва башардӯстонаи сарвари кишвар бори дигар собит намуд, ки Садри муаззами мо барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, ки берун аз марзи кишвар аст, изтиробанд ва хоҳишманди зудтар ба Ватан баргардонидани ҳар яки онҳо мебошанд!

 Мо аз чунин роҳбару чунин сарвар ифтихор мекунем!

Мо фахр мекунем, ки зери роҳбарии чунин марди фарди фарзона дар кишвари Тоҷикистони азизу офтобрӯя кор ва зиндагонӣ мекунем!

Нилуфар Набиева сардори Шуъбаи робитаҳои хориҷии ДОТ дар ш.Панҷакент