Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Таҷлили ёдбуди 78 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Таҷлили ёдбуди 78 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Дар таърихи 20-уми майи соли 2019 , ки ба зодрӯзи шоири шаҳири Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ 78 сол пур мешавад, дар факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мизи мудаввар доир гардид.

Ҷамъомадро декани факултет номзади илмҳои педагогӣ Мақсудов З. О. ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба маҳбубияти Лоиқ дар байни мардум сухан ронд ва барои пеш бурдани фаъолияти муназзами чорбинӣ навбатро ба методисти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Дилором Ҳақбердизода супурд.

Баранда  чанд лаҳзаи  шарҳи ҳоли шоирро бозгӯ кард ва риштаи суханро ба дасти устоди калони кафедра Абдулқодир Наҷмиддин дод.

Устод аз фаъолияти шоирӣ ва ҷасорати адабии Лоиқи рӯшанравон ҳарф зад  ва бо қироати ду дубайтае аз “Резаборон” суханашро ба поён бурд.

Пас аз хониши пораи шеъри шоир аз тарафи Дилором навбат ба мудири кафедраи педагогика ва психология , номзади илмҳои филология Мизробшоҳ  Ғаффоров расид. Мавсуф оид ба маҳорати шоирӣ ва забондонии устод Лоиқ сухан ронд ва бо суруде бар матни шеъри шоир ҷамъомадро рӯҳи тоза илқо кард.

Баранда бо хониши шеъре аз “Модарнома”-и  устоди  сухан  донишҷӯёни факултетро ба хониши ашъори гуногуншаклу пурмаънои шоири нотакрор даъват намуд. Зумрае аз донишҷӯёни фаъол шеърҳои писандидаашонро аз эҷоди “шоири хуршеду дарё” (Фарзона) қироат намуданд.

Дар чорабинӣ сардори шуъбаи таълим Хусрав Азизов иштирок дошт ва дар хотима аз вохӯриҳояш бо устод Лоиқу бародари ӯ Қоришариф нақлҳои шавқангез кард.