Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Гузориш аз таҷлили ҷашни ҷавонон дар толори қасри Лоиқ Шералӣ таҳти унвони “Ҷавонон-ояндасози миллат”

Гузориш аз таҷлили ҷашни ҷавонон дар толори қасри Лоиқ    Шералӣ таҳти унвони “Ҷавонон-ояндасози миллат”

23-юми май Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ҷашни ҷавононро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуд, ки муҳаррики он факултети филология буд.

Суханронии  Ректори донишкада Ансорӣ М. Қ. ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф доир ба фаъолияти ибратбахши устодони ҷавону донишҷӯёни умедбахш ҳарф зад ва нақши онҳоро дар нуфузи сол то сол афзояндаи донишкада равшан қайд кард.

Намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Тоҷиева Мавлуда, ки худ дастпарвари ДОТП аст, ҷавононро ба идашон муборакбод намуда, қаноатмандии ҳизбу ҳукуматро аз иштироки судбахши донишҷӯён дар ободониву ҳаёти мадании шаҳр изҳор кард. Вай аз фурсат истифода бурда ба сардори ҷавони шуъбаи таълими ДОТП Азизов Хусрав билети ҲХДТ-ро супорид.

Саҳнаро донишҷӯён соҳиб шуданд ва бо хониши шеъру таронаҳои дилангезу рақсҳои дилфиреб, саҳначаҳои ҳаҷвии хушҳолкунанда рӯҳи ҳозиринро болида гардониданд. Шеъру таронаҳо васфи ҷавониву ҳаёти ҷавононро бозгӯ мекарду рақсҳо ҷӯшу хурӯши айёми ҷавониро ба намоиш мегузошт ва саҳначаҳо нозу ишваи ноҷову барзиёди духтарон ва кибру худписандии ҷавононро мавриди истеҳзову тамасхур қарор медод.

Баромади донишҷӯён дар саҳнаи толори қаср боиси ситоиши Ректори ДОТП гардид.

Дар охир ба устодони ҷавони қобил ва донишҷӯёни фаъолу ғолиби озмунҳо ифтихорномаву мукофоту медалҳо супорида шуд.

Хулоса, Рӯзи ҷавонон дар хотири донишҷӯёни ДОТП бо талошу кӯшиши ҳамакасаи факутети филология ва дастгирии раёсату дигар факултетҳои донишкада нақши мондагор гузошт.