Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Китоб дӯсти инсон ва ганҷи бебаҳо

Бидонед, ки китобхониву китобдӯстӣ  инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд мебардорад, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад. Эҳтиром ба Ватан, ифтихор бо Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар гӯшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва азбар кардани мазмуни матнҳои он ба даст меояд.

   Эмомалӣ Раҳмон                        

         Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 – сентябрро чун иди “Рӯзи китоб” ҷашн мегиранд. Аз ҳамин лиҳоз дар донишкадаи мо дар ана ҳамин санаи таърихӣ дар китобхона бо иштироки устодону донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун конфронси илмӣ-бадеӣ бо роҳбарии мудири китобхона ва кормандон гузаронида шуд.

         Донишҷӯён бо ибрози андешаҳои хеш нисбати китоб, қироати шеъру лавҳа ва намоиши саҳначаи пурмазмун ба чорабинӣ ҳусни субҳ бахшиданд.

         Дар ҳақиқат дар васфи китоб чи қадарҳо гӯем камӣ мекунад, зеро аз ҳар саҳифаи китоб мо метавонем дурдонаҳои мақсуд ба даст биёрем, китоб панд медиҳад,тарбия мекунад, илм меомӯзад,аз гузашта моро воқиф мегардонад, аз асли хеш огоҳ месозад.

Муҳаммадалии Аҷамӣ ба ин маънӣ фармудааст:

         Баланд аз маснади Доро китоб аст,

         Бале, боло зи ҳар боло китоб аст.

         Ҷаҳонро метавон бо илм бигрифт,

         Пур аз ҳикмат, пур аз маъно китоб аст.

         Ба асрору ба таълиму ба дониш

         Агар ту ташнаӣ, дарё китоб аст.

         Зи торикӣ ба сӯйи рӯшаниҳо

         Чароғи раҳнамо танҳо китоб аст.

         Барӯманд асту ҳушманд асту доно,

         Касе дар умр кораш бо китоб аст.

         Бихушкад бе китоб андеша бешак,

          Замин андешаву дарё китоб аст.

         Диҳад бар ту ҳар он чӣ ту бихоҳӣ,

         Баланд аз маснади Доро китоб аст.

        

Имрӯз барои мардуми китобхон даҳҳо озмуну сабқату ҷоизаву мукофот таъсис дода мешавад ва Озмуни Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” таваҷҷуҳи беандоза кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми китобдӯсту китобхон аст. Аммо ҳар кор қонуну қоидаву одоб дорад ва ҳар кас онро риоя кунад, ҳатман ба мақсад мерасад.   Яъне китоб калиди хазинаи илму маърифат буда, хамчун устоди бемузду беминнат ба инсон хизмат менамояд.Гузаштагони мо китобро ҳамчун нон муқаддас дониста, онро эҳтиром ва эҳтиёт мекарданд.Китоб ва китобхона муқадастарин падида ва ҷойгоҳест, ки Худованд ба инсон ҳадя кардааст, ба қадри онҳо расидан фарз ва ҳам суннат мебошад. Китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд бардошта, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад.. Эҳтиром ба Ватану ватандорӣ, ифтихор бо Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар гӯшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар кардани мазмуни матнҳои он ба даст меояд.Миллати фарҳангпарвари мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст. Месазад, ки мо наврасону ҷавононро дар рӯҳияи китобдӯстиву китобхонӣ, ки натиҷааш ватандӯстиву худогоҳиву худшиносӣ аст, тарбият намоем.Мо кормандони  китобхонаи донишкадаи омӯзгории Торҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо дастгирии мӯҳтарам Ректори ДОТ Ансорӣ М. Қ. кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки донишҷӯёни мо бо китобҳои зарурӣ таъмин бошанд. Дар донишкада  китобхонаи электронӣ фаъолият менамояд ,ки дорои 10000 нусха китобхои бадеӣ, илмӣ ва тахассусӣ мебошад, ки донишҷӯён аз онҳо истифода мебаранд.Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҷавонони мо чун посдори ғамхориҳои Сарвари  маорифпарвари  давлати худ  метавонанд бо дониши баланд, ахлоқи намунавӣ, ҷустуқӯ ва эҷодкорӣ дар рушди ҷомеаи имрӯзаи кишвар саҳми босазо гузоранд. Мо ба фаъолият, масъулият ва қадршиносии шогирдони худ эътимоди комил дорем. Гуфтаанд, ки китоб бо асолате, ки дорад, мунис ва ғамгусори вақт аст, ӯст, ки ҳузну андӯҳро бар суруру шодмонӣ табдил мекунад. Боз китоб беҳтарин ва беғаразтарин дӯсти инсон, маслиҳатгару роҳнамост. Агар меҳру муҳаббати китобро дар дил дошта бошем, нури он ба қалбу дидаи мо менишинад, сафо мебахшад, Ҳамнишинӣ бо китоб беҳ аз ҳамнишинӣ бо сифлагону ҳарисон, бухлу бахилон аст, он чароғу шамъест бо анвори худ шахсро ба чодаи ҳақ ҳидоят мекунад ва касро ба ҳадафу мақсад мерасонад. Ва ин ҷо дар поёни мақолаам ба ҷавонон муроҷиат карда гуфтаниям:

         Ҳар гоҳ соҳиби маблағе, масалан 100 сомонӣ шудед, даҳ фоизи онро ҳар моҳ барои харидани китоб сарф намоед. На каму на зиёд: 10 фоиз!

         Китоби худро дар хона дурудароз нагузоред. Онро ба шиносу ҳамсоя ва дӯстони худ дода, аз онҳо китоби дигар гиред.

         Ба хондани китобҳои электронӣ одат кунед. Дар компутери шумо ҳазор-ҳазор китоб ҷой мегирад.

         Рӯзе як соат ё зиёдтар китоб хондан шарт аст Ҳаргиз танаффуз накунед.

Бо дӯстони худ дар бораи мазмуну мундариҷаи китоби хондаатон гуфтугӯ ва баҳс доир намоед. Он гоҳ мазмуну ҳикмати китобро беҳтар меомӯзед ва он дар хотиратон як умр нақш мебандад.

         Узви доимии чанд китобхона бошед.

         Ҳар гоҳ имкон даст дод, бо адибон нишинед ё дар маҳфилашон иштирок намоед.

Мудири китобхонаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент  Халилова  Ҷамила