Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Муҳтарам хатмкунандагони соли 2017, ки Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро бо ихтисосҳои педагогӣ ва технологияи компютерӣ хатм намудаед!

Вазорати маориф ва илм Шуморо барои иштирок дар пурсиши хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба масъалаҳои ба кор таъминшавӣ даъват менамояд.         

Мақсади ин тадқиқот ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хатмкунадагони муассисаҳои  таҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминкунӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот мебошад.

Маълумоте, ки Шумо дар доираи ин таҳқиқот пешниҳод мекунед, ба Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин донишгоҳҳо барои ворид намудани тағйирот ба низоми таҳсилоти олӣ ва таҷдиди барномаҳои таълимӣ кӯмак хоҳад кард.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки то санаи 15 октябри соли ҷорӣ ба  саҳифаи интернетии http://gts-center.tj/question/ ворид шуда,  пурсишномаро пур кунед. Барои гирифтани рамз Шумо метавонед ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:

Телефон: 488884042

Почтаи электронӣ: gts.2019@mail.ru

Қаблан ба Шумо барои ҷудо намудани вақт ва саҳми арзанда барои беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон арзи сипос менамоем.