Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Ҳифзи ҷавонон аз зуҳуротҳои номатлуб.

Терроризм ва ифротгароӣ аз зуҳуроти хатарнок ва номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, бештар ба ҳаёту ояндаи ҷавонон хатарнок мебошад. Ин вабои аср  бештар ба ҳолати равонии аҳли башар таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Дар моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи асосии терроризм қайд мешавад. Ҳадафи чоруми он  иборат аст аз тарсонидани аҳолӣ ва таъсир расонидан ба мафкураи ҷавонон. Табиист, ки дар фазои холии мафкуравӣ тарсу ҳарос ҷойгир мешавад.

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад,балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон дар вохўрӣ бо мардум ба ҷавонон таъкид мекунанд, ки эшон аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, рў ба илму дониш оранд,забон омўзанду аз технологияи муосир бохабар бошанд. Давомдиҳандаи анъанаҳои неки ниёгонбуда,фарҳангу маданияти миллиро ҳифз ваэҳьё намоянд, сазовори боварии бузурги халқу миллат ва давлат бошанд,шаванд, ору номуси ватандорӣ мояи асосии зиндагии эшон бошад.

Дар ин марҳилаибарои ҷаҳониён ҳассос миллати сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат – мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу заковати дурандешона бо ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад,зеро мардум худ эҷодгару офарандаи зиндагии зоду ободи хеш мебошад.

Равоншиносони ватанӣ исбот намудаву ақида доранд,ки сабаби рў овардани бархе аз ҷавонон ба ин зуҳуроти номатлуб аз костагии тарбияи оилавӣ, бемаърифатӣ, беназоратӣ ва беэътиноиву беназоратии атрофиён мебошад. Чун ҷойи меҳр, муҳаббату навозиши оилавӣ холӣ мемонад, ҷавон мўҳтоҷи маслиҳату роҳнамоии дигарон мегардад. Модари боандеша бо духтараш – дугона ва падари дурандеш бо писараш – ҷўра мешавад. Ин амал роҳҳои тарбияро дар оила осон мегардонад,аз тарафи дигар фарзанд шахси раҳмдилу меҳрубонба воя мерасад. Хуб мебуд ки дар ҳар як муассисаи таълимӣ «Ҳуҷраи машваратӣ» таъсис дода шуда, ба он равоншиносон, ҳуқуқшиносон ва шахсони барўманди соҳибэҳтироми ҷомеаро ҷалб кунем. Ба ин марказ бо волидон, ҷавонон бояд «сўҳбатҳои муфиди маслиҳатомез» кунем ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила»-ро фаҳмонем. Ба шахсоне ки дар оила зўроварӣ мекунанд фаҳмонем, ки тарбияи фарзанд бо дўғу пўписа ва дағалӣ ягон натиҷа намедиҳад. Омўзгорон – психологҳо бояд ба ин масъалаҳо бештар ҷалб шаванд.

Боиси ифтихору миннатдории мардуми тоҷик аст, ки Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баргардонидани кўдакони ҷангиёни тоҷик аз Шарқ бори дигар инсондўсти асил, буданашонро собит сохта, изҳор доранд, ки кўдакон ҳеҷ гуноҳе надоранд. «Бача лой – волидон – кулолгар» мегўянд, ки ҳақ асту рост. Қайд намудан ҷоиз аст, ки ҷавонон аз синни кўдакӣ бештар ба модарон дилбастагӣ доранд. Чун мегўем бузурге фармуда, ки «Домони модар – дабистони аввалини инсоният мебошад». Пас, модарон бояд худ соҳибмаърифату бофарҳанг, ҳунарманду бохирад бошанд, яъне волидон худ намунаи ибрати фарзанд бошанд.

Қадршиносӣ, шукргузориро ба ҷавонон аз синни кўдакӣ бояд омўзонд. Агар ҷавонон ба қадри оила, волидон нарасанд, пас эшон ба қадри Ватану ҷомеа низ нахоҳанд расид.

Нишонаи асосии терроризм ин амали зўроварӣ ва даҳшатафканӣ ба хотир ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан терроризм ва экстремизми диниро низ маҳкум менамояд ва мубориза мебарад. Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани равияҳои номатлуби ҷомеа Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ва кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.

Имрўз ҳар як фарди ҷумҳурӣ, бахусус мо – омўзгоронро лозим аст, ки дар мубориза алайҳи зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа омода ва фаъол бошем.

Тарбияи ҷавононро дар асоси дастурҳои Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монем.

Пеш аз ҳама, ҳамдаму дастгиру дўсти ҷавонон бошем. Меҳри онҳоро ба илм равона созем, ба китобдўстиву ҳунаромўзӣ талқин намоем.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Фотима Сироҷзода

 ноиби ректор оид ба тарбияи

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

дар шаҳри Панҷакент

номзади илмҳои педагогии