Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Худшиносу ватандӯст бояд буд

Китоби бузурги миллат, ки Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон офаридаанд, “Тоҷикон дар оинаи таърих” мебошад, он барои халқи тоҷик арзиши бузург ва аҳамияти илмиву тарбиявиро низ дорост.

“Мо кистем” – асар бо чунин сатрҳо оғоз меёбаду диққати касро боз ҳам ҷолибтар месозад.

Аз мазмуни асар бар меояд, ки худшиносӣ ҳамеша пойдевори бинои ваҳдати миллист. Дар асар мафҳумҳои бунёдие чун давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, низоми давлати дунявӣ, Тоҷикистони озоди соҳибистиқлол, Ватани орому осуда ва зиндагии озода арзишҳоест, ки нисбати онҳо ҳама тоҷикон мавқеи ягона доранду арҷ мегузоранд. Вақте сухан аз Ватану миллату давлату муқаддасоти мо меравад, вақте сухан аз таҳдиди тафаккури ифротгароӣ ба ин арзишҳои бунёдӣ меравад, бояд ҳамаи мо бо ягонагии худ дар ҳифзи ин арзишҳо муттаҳид шавем. Ба ақидаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон агар мо имрӯз давлатро дар мубориза бо ифротгароӣ танҳо гузорем, рӯзе ҳар яки мо низ дар муқобили ин таҳдид танҳо хоҳем монд.

Аз саҳифаҳои таърих медонем, ки инсоният барои мустаҳкамӣ дарозумрии давлатдорӣ ва ҳифзи марзу буми худ қавмҳои дурандии заминаҳои мустаҳкам мегузоштанд. Бештар ба аҳли зиё такя намуда, нерӯи зеҳнии ҷомеаро бунёд мекарданд, зеро инсони бесавод ва беифтихор – бетафовут (бепарво), бемасъулият мешавад. Пас, вазифаи тарбияи худшиносӣ бар дӯши аҳли зиё вогузор мешавад. Бетафовутӣ барои миллат хатари азим дорад…

Дар ҳама давру замон давлат ба олимону зиёиён такя мекард.

Бахусус дар даврони истиқлолият ҳамасола вохӯрии Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар далели ин гуфтаҳост. Маҳз эшон барои тақвияти худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷомеа нақши муҳим мебозанд.

Боиси нафрати аҳли ҷомеа аст, ки ташкилоти террористӣ – экстремистии солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, то имрӯз аз мақсадҳои ғаразонаи хеш даст намекашад.

Фаъолони ТТЭҲНИ сафсатаҳои ҷиҳоди шаҳодатро таблиғ намуда, сабаби пайвастани ҳазорон нафар “беақлон” ба гурӯҳҳои террористӣ гардиданд.

Ин гурӯҳи дурӯғпеша дар тӯли фаъолияташон фақат ҳуқуқҳои инсонро поймол карданд. Имрӯз амалҳои ноҷавонмардонаи наҳзатиёни террорист нишон медиҳад, ки барои ин гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзиш надоранд. Халқи заҳматкашу ободгари тоҷик бо Сарвари оқили хеш медонад, ки дастовардҳои бузурги давлату миллати тоҷик маҳз аз ваҳдату ифтихори миллӣ сарчашма мегирад ва ин дастовардҳо маҳз наҳзатиёнро нороҳату асабони месозад. Ин аст, ки аслиҳаи имрӯзаи эшон танҳо сомонаҳои интернетӣ гирифтааст.

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад…. барои ба қудрат расидану нороҳат кардани ҷомеа мардумро ба ҷанги шаҳрвандӣ расонданд, лекин Тоҷикистон бо талошҳои фарзанди фарзонаи миллат – Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон вориди ҳаёти нави созандагиву ободкорӣ гардид.

Ба гуфти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуқтасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд.”

Имрӯз ба ҳар тоҷику тоҷиконӣ зарур аст, ки ақли заковати хешро танҳо ба кордори пиндори нек равона созад. Шукронаи обу замину хоки Ватан ва осмони софу мусаффо кунад.

Ф. Сироҷзода

Ноиби ректори оид ба

корҳои тарбиявӣ ва ташкилии

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

дар шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои педагогӣ