Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Терроризм-ҳодисаи номатлуби замон аст

Дар марҳилаҳои гуногуни таърихи ҷаҳон террористон дар тамоми кишварҳо фаъолият доштанд ва ҳар гоҳ бо содир намудани амалиёти пурдаҳшат ва кирдори ношоиста чеҳраҳои худро нишон доданд.

         Террористон дар ҳар давру замон дар байни масъулини баландпоя, сарватмандони бехирад ва гурўҳҳои алоҳидаи ҷомеа тарафдорон ва дастгирони худро доранд ва аз онҳо сарпарастӣ мебинанд.

         Дар замони мо ҳаракатҳои террористон дар минтақаҳои гуногуни олам авҷ гирифтааст. Мо аз воситаҳои ахбори умум мунтазамдар бораи ба доми фиреби террористон гирифтор шудани ҷавоне ё гурўҳи ҷавонон огоҳӣ дармеёбем ва таассуф  мехурем.

         Террористон ба ҳамин васила ҷавонони булҳавас ва зудбоварро аз Ватан берун, аз хешу табор ҷудо мекунанд бо ваъдаҳои пуч, бо маблаѓҳои фиребо, бо ҳидоятҳои хойинона онҳоро ба содир кардани кирдорҳои номатлубу баро ҷомеа зиёновар ва ҳатто ба куштору сўхтору нобудсозӣ водор менамоянд. Мутаассифона, чанде аз ҷавонони тоҷик низ фирефтаи доми макру тазвири гурўҳҳои террористӣ чун ҲНИТ ва ДИИШ шудаанд ва ба нокомиҳову фалокатҳои зиёде дучор омада аз карда пушаймон гардиданд.

         Вобаста ба ин ҳолат дар кишварамон чораҳои таъҷилию фарогир андешида шуданд. Муҳимтар аз ҳама, корҳои таблиѓотию ташреҳи байни ҷавонон тақвият ёфтанд, тарбияи ватандўстию башарпарварӣ миёни онҳо пурзўр карда шуд. Ин ҳама ва тадбирҳои дигар ба воқеъбину мулоҳизакор ва хушрафтору дурандеш шудани ҷавонон ҷидду ҷаҳди ҳамешагӣ доранд.

Раҳмонова Муаззамой-омўзгори

кафедраи таърих ва ҷомеашиносии

Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент