Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Изҳороти омўзгорони Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент нисбат ба ҳамлаи шаби 6-уми ноябри соли равон ба посгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-и ноҳияи Рўдакӣ.

Мо омўзгорон, ки қисми пешбарандаи ҷомеаи навини имрўз ҳастем  аз он шукргузорӣ менамоем, ки дар кишвари тинҷу ором, ободу зебо, дар партави сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурраму дилшод умр ба сар мебарем.

         Мо – омўзгорони Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент оид ба як гурўҳ ашхоси аҳримансифат, ки   шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба посгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-и  ноҳияи Рўдакӣ ҳамла оварданд чунин ибрози андеша менамоем.

         Эй аҳриманзодагон, эй бехудоён, чӣ тавр тавонистед ин кори аҳримании худро ба анҷом расонед. Дар он ҳамлаи хунин, ки прапоршик Иззатуллои Абўбакри навдомод  ва нозири минтақавии милитсия Баҳром Шоҳзода, ки соҳиби 6 фарзанд буд ба ҳалокат расиданд. Шумо барои ин амали хунин назди худо ва қонун ҳатман ҷавоб мегўед. Имрўз бо посбонии афсарону аскарон мо, падару модарон, пиру барно хоби бароҳат дорем. Чуноне, ки қайд шудааст:

То бихобад миллате осуда дар болини хоб,

Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.

         Дар марҳилаҳои гуногуни таърихи ҷаҳон террористон дар тамоми кишварҳо фаъолият доштанд ва ҳар гоҳ бо содир намудани амалиёти пурдаҳшат ва кирдори ношоиста чеҳраҳои худро нишон доданд.

Мо омўзгорон чун як қишри огоҳ ҳеҷ гоҳ намехохем, ки ин сулҳу суботи барқароршуда, ин ободиву озодӣ на танҳо аз даст наравад, балки бо сарварии Пешвои хирадманди мо чун кухи побарҷо устувортар бигардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин фармудаанд:

         «Ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи истиқлолияту озодӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани пешрафту ободии ватани азизамон, дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ѓурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад, яъне ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеа дар зеҳну шуури ҳар шахс бояд нақши муассир дошта бошад».

         Мо бо боварӣ баён менамоем, ки Шумо ашхосони аҳримансифат, дар ягон вақту замон ба ин гуна фикру ақидаи бемантиқи худ, бо ин амалҳои аблаҳона ва кирдорҳои ноодамонаи хеш ба давлату миллати тоҷик дастрасӣ дошта бошед. Ҳар амалу рафтори бад беподош намемонад. Рўзе  мерасад, ки худ дар чоҳи кофтаи худ фурў меравед. Ва ҳамсару фарзандони шумо низ лаззати бешавҳарӣ ва бепадариро мечашанд. Чӣ тавр дилатон шуд, виҷдонатон шарм надошт, ки чунин амали хунинро анҷом додед. Фикр накардед рўзе ба шумо ва оилаатон чунин амалро сазовор донанд. 

         Мо омўзгорон дар охир бо чуни гуфтаҳо изҳороти худро ба поён мерасонем:

Дар роҳи Ватан мурдан бандагист!

Чун Шумо зистан  шармандагист!