Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

ВОХӮРИИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ ПАТЕНТУ ИТТИЛООТ»-И ВАЗОРАТИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 14 ноябри соли 2019 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент курсҳои омўзишӣ барои омўзгорон, магистрантон ва донишҷўён дар мавзўи «Моликияти зеҳнӣ» баргузор гардид. Ин иқдом, ташкили курсҳои омўзишӣ дар мавзўи «Моликияти зеҳнӣ» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омўзонидани омўзгорон, магистрантон ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.
Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба таълим  номзади илмҳои иқтисодӣ Наҷмиддинов Ф. ифтитоҳ намуд. Сипас, намояндагони МД «Маркази патенту иттилоот» Боиров Ф., Шарифов С., Бухориев А., Шарифбоев М. дар мавзўъҳои моликияти зеҳнӣ, ихтироот, намунаҳои саноат, тамғаҳои молӣ, топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ маълумот доданд. Баъдан, дар қисмати музокирот иштироккунандагон ба саволҳояшон посух гирифтанд.