Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

ҲАСТИИ МИЛЛАТ ТУ ҲАСТӢ, ЭЙ ПЕШВО

Дар санаи 19. 11. 2019 дар факултети филология чорабинии илмӣ- фарҳангӣ бо номи “ Мо пайравони Пешво” ва “ Парчамат поянда бод” доир карда шуд. Чорабинӣ бо сурудани суруди миллӣ аз тарафи кулли иштироккунандагон оғоз гардид. Баъдан ровиёни чорабинӣ бо қироати шеърҳо ва гуфторҳо дар васфи Пешвои миллат ба барнома ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

 Маърўза бо номи “ Ҳастии миллат ту ҳастӣ, эй Пешво” аз тарафи донишҷўи курси чаҳоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Сафаров Хурсанмурод ба ҳозиррин расонида шуд, ки дар он дар бораи фаъолияти пурсамари абармарди сиесатмадор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд.  Аз ҷумла мавсуф дар суханрониаш қайд намуд, ки ҳар саҳифаи китоби ҳаёти Пешвои миллати мо майдони нангу номус ва корнамоию қаҳрамонӣ мебошад, ки хонандаашро мисли  “ Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ба роҳи далерию мардонагӣ ва худшиносию ватандўстӣ ҳидоят менамояд.Баъдан аз тарафи донишҷўёни факултет шеърҳо ва гуфторҳои беҳтарин дар васфи Пешвои миллат қироат карда шуд, ки дар ниҳоди ҳамаи нишастагон ҳисси баландӣ миллӣ ва ифтихори ватандориро бедор намуд.

Хамзамон донишҷўён дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маълумот доданд. Дар бораи Парчам ва таърихи парчамдории миллати тоҷик аз тарафи донишҷўи курси дуюм Раҳмонова Рухшона маърўзаи пурмўхтаво барассӣ карда шуд. Дар бораи рангхои Парчам донишҷўён маълумот ва шеърҳо қироат намуданд. Онҳо дар баромадашон қайд намуданд,ки Парчам яке аз муқаддасоти ватан буда аз ватандории мо хабар медиҳад. Мо бояд дар зери ин Парчам сарҷамъ буда, Тоҷикистонамонро боз ҳам гул –гулшукуфон намоем. Дар охир аз тарафи донишҷўйи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Авеззода Доро суруди “ Қасам” бо ҳамовозии иштирокчиён иҷро карда шуд.

Дар чорабинии мазкур сардори шўъбаи таълими ДОТП Азизов Хусрав ва садори шўъбаи илм, номзади илмҳои филологӣ Шарифова Гулпарӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар охир, донишҷўён дар намоиши китобҳои Пешвои миллат, ки бо иқдоми факултет доир шуда буд , иштирок намуда, бори дигар аз мўҳтавои китоҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наздик шинос шуданд. Чорабинӣ хело хотирмон гузашт.