Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Баромадҳои пур аз ифрот (Вокуниш ба суханронии Муҳиддин Кабирӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар иғвоангезии навбатии худ, ки тариқи шабакаҳои интернетӣ пахш гардид, бори дигар ҳамон таҷрибае, ки ба худ хос дорад истифода кард. Дар он замоне, ки ӯ дар курсии парлумон соҳиби овоз шуд, ин таҷрибаро аз худ кардааст. Ӯ пайваста кӯшиш мекард, бо гуфтани камбудиҳои ҷузъии ҳукумат худро ба мардум ширин нишон диҳад. Вале пешравиҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба амал меомад, нодида мегирифт ва бо ин роҳ мехост мардумро ба худ ҷалб карда, ба мақсади нопоки худ бирасад.

Муҳиддин Кабирӣ дар ин баромади худ сараввал оид ба қонунгузории имрӯзаи мамлакат оид ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, онро беҳтарин қонун мепиндорад. Вале дар давоми суханронӣ акси ҳолро баён месозад. Ӯ мақомотро дар фасодзадагӣ гунаҳкор дониста, бо ин гуфтори хеш мехоҳад мардумро зидди ҳукумат бархезонад. Вай Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар минтақа заифтарин артиш меҳисобад. Аммо дар ин ҷо суоле ба пеш меояд, ки барои заиф шудани артиш кӣ замина гузошт. Посухи инро ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хуб медонад, ки маҳз бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ва ин ҷангро маҳз наҳзатиҳо оғоз карданд. Вале дар муддати кутаҳтарин артиши мо ба по хест ва имрӯзҳо ба қувваи бузург табдил ёфта истодааст.

Кабири артиши Афғонистонро аз артиши Тоҷикистон бузургтар меҳисобад. Аммо имрӯза ҳолати Афғонистон бозгӯи онанд, ки артиши он сарҷамъ нест. Афғоне гуфта будаааст:  “Тоҷикистон ва Афғонистонро як дарё ҷудо месозад. Замин, хок ва ҳаво якгуна аст. Вале пешравӣ ва сулҳу суботе , ки дар Тоҷикистон ҳаст дар Афғонистон нест. Зеро шумо Эмомалӣ Раҳмон доред”.

Он пешниҳодҳое, ки аз тарафи Кабири оид ба тағйироти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, кайҳо боз аз ҷониби парлумони кишвар корбарӣ мешавад ва бидуни маслиҳати ӯ низ камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ хоҳад шуд.

Мо аҳли ҷомеаи Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент дар қатори кулли мардуми шарифи Тоҷикистон Кабири ва суханҳои иғвоангезонаи ӯро якдилона маҳкум месозем. Ҳеҷ гоҳ халқи Точикистон  бо маслиҳати ин хоини миллат кор нахоҳад кард. Зеро тоҷикон Пешвои худро дорад. Бо сиёсати хирадмандони Президенти кишварамон муҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Тоҷикистони навинро бунёд кардем ва дар оянда низ тибқи дастур, роҳнамо ва супоришҳои Пешвои миллат барои рушди Ватани азизамон хидмат хоҳем кард.

 Олимов Қаҳрамон

муовини деректори  Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент