Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Мо фирефта намешавем…

Вазифа ва қарзи шаҳрвавандии ҳар як нафар устоди таълимгоҳ он аст, ки имрўз ҷавононро дар рўҳияи хештаншиносӣ, ватанпарастӣ тарбия намояд. Чунки таълимгоҳҳо дар таълим ва тарбияи ҷавонон мавқеи марказӣ доранд.

         Устодон бояд барои донишҳои воқеӣ, тафаккури солим, ҷаҳонбинии бунёдӣ ва вусъатманд мусаллаҳ шудани ҷавонон, ҷидду ҷаҳди ҳамешагӣ дошта бошанд.

         Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ба дастгирию роҳнамоии ҷавонон равона шудааст.

         Пешвои миллат чунин ибрози андеша намуданд: «Терроризм ва экстремизм, ки аз як ҷониб, чун вабои аср хатари ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки таҳдиде бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.»

         Пас бояд мо-шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушёру бедор бошем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар бар зидди терроризм ва ифротгароӣ садо баланд намудан аст. Вазифаи устодон ва падару модарон бошад шогирдон ва фарзандони худро дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудан, ба онҳо фаҳмонидани кору манзалати ҳаёти осоиштаи кишвари азизамон-Тоҷикистон мебошад.

         Ҷараёнҳое, ки солҳои охир саросари дунёро фаро гирифтаанд, бештар ин самтҳоро пеш мегузаронанд, тарбияи маданият ва маърифати шаҳрвандию ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқию маънавии наврасону ҷавонон, таълим ва тарбияи таърихию кишваршиносӣ, тарбияи фарҳангию ватандўстӣ, ки ҳамаи ин дар навбати худ барои ғанӣ гаштани моҳияту мўҳтавои арзишҳои ватандўстию ватанпарастӣ дар гурўҳҳои мухталифи наврасону ҷавонон мусоидат мекунад.

         Пешгирӣ ва ҳифзи шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба дастаҳои ифротгаро ин баланд бардоштани сатҳи маърифатии шаҳрвандон, пешгирии воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз шабакаҳои интернетӣ сўистифода намудани таблиғотчиёни ин ҳаракат, огоҳ намудани насли наврас мебошад. Ҳар касе, ки нисбати миллату меҳани худ кори хайрро анҷом медиҳад, ў муваффақ аст нисбати дигарон.

                            Ватан ҳамчу модар муқаддас бувад,

                            Касе созадаш хор, нокас бувад.

                            Ватан нури чашму ватан обрўст!

                            Ватан модар асту зи ҳар чи накўст.

         Ватан барои фарзандон гаҳвораи умедҳои ҷовидонист. Фарзанд тавре бояд ба камол рассад, ки нахуст дорои фаросати баланди инсонӣ ва соҳибфазилат бошад. Дар раванди ташаккул додани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши калидӣ мебозад.

         Маҳз ваҳдату якдилӣ аст, ки сатҳи зиндагиамон рў ба беҳбудӣ дорад, мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ширинтарин меваи соҳибистиқлолӣ,ваҳдату ягонагӣ бирасем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз ва ҳимоя намоем. Нагузорем, ки бадхоҳону бадтинатон пайи фитнаву халалдорсозии ҷомеаи соҳибистиқлоли мо бо максади сиёҳкорӣ даст ба амалҳои ноҷавонмардонаи худ зананд. Бикўшем то Тоҷикистони ободу зеборо ба наслҳои баъдӣ мерос гузорем.

Азми мардони бузурги Тоҷикистон зинда бод,

Аҳли байти зодагони ин гулистон зинда бод.

                            Раҷабов Мақсатилло-ҷонишини директор оид                                ба илм ва муносибатҳои байналмиллалӣ-и                                        Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент