Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Ту забони най чӣ донӣ…

Андешае аз замони қадим роиҷ гардида, ки “Ислом ба зоти худ надорад айбе, ”Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост”. Ва Сайидюнуси Истарафшанӣ як нуктаро ба лавҳи фаромӯшӣ додааст, ки мусулмонӣ бар минбару тахту ҷоҳ нест. Ва ислом дар замири инсон маҳфуз  асту диндори комил беақлона шӯру шар намеангезад ва бар асосҳои бедалел бар ҷомеае, ки демократӣ асту исломӣ нест. “Пеш аз он соат, ки хокатро диҳад даврон ба бод, Аз бисотии ҳастии худ гард мебояд кашид”, мегӯяд Сайидои Насафӣ ва низ ибрати рӯзгорон аст, ки “Аввал бидон ҷойи худ, Баъд бимон пойи худ” мегӯянд. Қабл аз чизеро ба касе таҳмил диҳӣ, бояд дарк созӣ, ки иғвогариву фитнаагезӣ, ки бар ивази “дӯстии хирсона”, ки аз ҷониби хоинони миллат ва бадоҳони давлати тинҷу ороми Тоҷикистони азиз ба гӯши ту мерасад, ҷуз  хобу хаёл чизи дигаре нест ва сароберо мемонад, ки ташнагони роҳи маърифати ҳақиқатро ба нокомӣ ва оворагӣ хоҳад бурд. Агар ту биандешӣ, ки ислом танҳо аз доду фарёди ту барин роҳгумзадагон аст, пас сахт иштибоҳ мекунӣ, зеро ислом бояд дар замир бошад, на ба забон. Ва саволу чуну чароҳое, ки ба маъраз мегузорӣ, худ қодир нестӣ, ки ба онҳо посух гӯйӣ, зеро ин андешаву саволҳоро аз касе ноогоҳона ба орият гирифтаӣ ва худ бозичаи дасти дигароне ҳастӣ, ки парвои буду нобуди туро надорад. Худ дар болини гарм асту туро овораи ин ҷаҳон ва шармандаи он ҷаҳон сохта, зеро медонад, ки шарти асосии тоату ибодат пинҳонӣ аст, на пироҳандариву хирқасӯзӣ. Шахсе, ки сидқан мусулмон аст, худ медонад, ки чӣ кор кунаду чӣ равишу тариқаеро баргузинад. Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ ба чуну чароҳои ту ва ту барин носипосон ва ҷоҳилон қаблан посух гуфтааст: “Ман агар нек ва гар бад, ту бирав, худро бош, Ҳар касе он даравад, оқибати кор, ки кишт”. Ва низ Мавлавии Балхӣ ҳам, ки дар сафсатаат, пораеро аз ашъораш истинод кардаӣ, ба ин саволҳои бесару нӯге, ки ту борҳо беҳушона гӯшзад менамоиву посухҳои аблаҳона медиҳӣ, ҷавоби қотеона медиҳад:

Тавофи қаъбаи дил кун, агар диле дорӣ,

Дил аст Каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ.

Тавофи Каъбаи сурат, Ҳақат бадон фармуд,

Ки то ба воситаи он диле ба даст орӣ…

Ҳазор сол пиёда тавофи Каъба кунӣ,

Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

Ту Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки бо суханҳои ноҷои худ дили мардумро меранҷонӣ ва бо ғараз ба давлате, ки дар домони он ба камол расидаву аз фазои он нафас гирифтаву аз обу хокаш бароҳат нашъа бардоштаӣ, дар доми кадом ҳамрангу ҳамсанги бевазн афтода, ба хотири силае фалсафафурӯшӣ дорӣ ва намедонӣ, ки Ҳофиз ба ту баринҳо гуфтааст:

Ту бандагӣ чу гадоён ба шарти музд макун,

Ки Дӯст худ равиши бандапарварӣ донад.      

Орифшо Орифов

 сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Панчакент