Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Боз як ҳамоиши илмӣ-ҷашнӣ дар ДОТП

Санаи 18-19 декабри соли 2019 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иқдоми раёсати донишкада ва факултети таърихи ДОТП анҷумани илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба таҷлили 5500 солагии Саразми бостон дар мавзўи “Ёдгории Саразм ва маданияти асри биринҷӣ дар Осиёи Миёна” гузаронида шуд.

Дар кори анҷуман намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон (Шимкент), Ўзбекистон (Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Ҷиззах, Термез, Навоӣ, Қашқадарё), ҚирҒизистон (Ош) ва Тоҷикистон (Душанбе, Хуҷанд, Кўлоб, Бўстон) бо мақолаҳои хеш ширкат варзиданд. Вобаста ба анҷумани баргузоргардида мақолаю маводҳои илмии олимон, устодону донишмандон ва магистрантону донишҷўён дар ҳаҷми зиёда аз 100 мақола ва 600 саҳифа интишор гардид.

Дар рафти конференсия ташриф ба шаҳраки Саразм, Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, хона музейи Лоиқ Шералӣ, Осорхонаи Панҷакент ба нақша гирифта шуд.

Анҷуман аз 7 бахш иборат буд:

  1. Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ
  2. Масоили мубрами таърихи халқи тоҷик дар даврони қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва наву навтарин
  3. Ёдгориҳои энеолити охир ва асри биринҷ дар осиёи Миёна ва хасоиси он
  4. Ёдгории деҳшаҳри Саразм ва аҳамияти он дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна
  5. Ҳафриёти Саразми бостон: натиҷаҳо ва дурнамои омўзиши он.
  6. Кошифи Саразми бостон Абдулло Исҳоқов: Ёдбуди олим.

7. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва марҳалаи навбатии озмуни байналмилалии «Роҳи бузурги абрешим». Маърўзачиён бо мақолаҳои пурмўҳтавои хеш баромадҳои хотирмон намуда, масъалаҳои баҳсталаби илмӣ, таҳкими муносибатҳои байни кишварҳоро хуб арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, профессорон Шодмон Ҳайитов (аз Донишгоҳи давлатии Бухоро), Гордеева Е.А. (докторанти базаи илмии Донишгоҳи давлатии Тошканд), Юсуф Бобоев (н.и.т., устоди калони Коллеҷи технологии назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров), Раҳматуллоев Исматилло (н.и.т., ДОТП), Ансорӣ М.Қ., Шодмон Воҳидов (профессорон, ДОТП) ва дигарон аз донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар суханронӣ намуданд.