Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Тарбия масъулиятнокӣ металабад (вобаста ба зиракии сиёсӣ)

Имрӯзҳо шомил шудани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳову муассисаҳои фароғатӣ ва муносибати тахрибкоронаи наврасону ҷавонон дар ҷомеа моро водор менамояд, ки нисбати амалӣ гардонидани ӯҳдадориҳо, вазифаҳо ва масъулияте, ки нисбати таълиму тарбия бар зиммаи ҳар як субъектони тарбия гузошта шудааст бетараф набошем ва ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои насли наврас диққати бештар намоем. Зеро ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғону ҷавонон, андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати пурра намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ба роҳи рост ҳидоят намудану баҳри онҳо ояндаи дурахшонро созгор намудан вазифаи инсондӯстона ва қарзи касбии ҳар як масъулони тарбия аст.

Аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардидани Эъломияи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи ташкилоти байналмиллалии меҳнат оид ба манъ ва тадбирҳои фаврӣ оид ба барҳам додани шаклҳои мухталифи меҳнати вазнини кӯдак, Протоколҳои факултавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак марбут ба иштироки кӯдак дар низоъҳои мусаллаҳона ва хариду фурӯши кӯдакон ва як қатор санадҳои ба ин алоқамандро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расонида эътироф намудааст, далели он аст, ки давлату миллат нисбати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои насли наврас ва дур намудани онҳо аз каҷрафторҳову амалҳои ношоистаи онҳо бетараф нест. Дар баробари ин ҳама ғамҳориҳои давлат мо тарбиятгаронро зарураст, ки тарбияи фарзанди хешро танҳо бар дӯши давлат нагузошта бо масъулияти том ба тарбия намудани насли ояндасоз камари ҳиммат бандем. Сараввал бояд дарк кард, ки масъул будан чӣ мазмун дорад?

Тарбия, ки худ раванди мақсаднок ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯст, пас масъулият мафҳумест, ки ба қудрату тавоноии тамоми субъектони тарбия (падару модар, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа) нигаронида шудааст. Агар якояки масъулони тарбия тамоми қувваю нерӯ ва ҳастии хешро ба фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд равона кунанд бо боварии том шаҳодат медиҳем, ки тарбияву масъулият ба мақсади асосии хеш мерасанд. Албатта пеш бурдани раванди тарбияро мушкил пиндоштан ғалат нест, зеро натиҷааш дер аён мегардаду ҳазорон хастагиро рӯи дӯши инсон мегузорад, аммо пурсабриву қавииродагии инсон метавонад аз болои ҳама мушкилотҳо ғолиб ояд.

Барои дарк кардани масъулиятнокӣ метавон ӯҳдадориҳои волидайнро дар таълиму тарбияи фарзанд ёдовар намуд:

– Барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит фароҳам оваранд;

– Фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд;

– Эҳтироми шахсияти фарзанд, шаъну шарафи ӯро ба ҷо оварда, нисбат ба баробар муносибат намоянд, нисбат ба ӯ ба муомилаи бераҳмона роҳ надиҳанд;

–  Ба фарзандашон дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтанро манъ намоянд;

– Ба фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо таҳсил мекунанд бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилӣ, тамошои филмҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, экстромистӣ, террористиро манъ намоянд;

– Аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд;

Ва ниҳоят дигар ӯҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст падару модар ҳатман бояд иҷро намоянд. Иқро накардани ӯҳдадориҳои зикргашта метавонад ба бад шудани саломатӣ, вайрон гаштани инкишофи табиӣ ва рӯҳии кӯдак оварда расонад ва яке аз сабабҳои зиёд гаштани ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасон гардад.

Илова бар ин падару модар дар таълими фарзанд низ ҷиддан машғул бошанд, ки онро бо чунин роҳҳо амалӣ гардонидан имконпазир аст: муҳайё кардани шароит дар таълиму тарбия, Бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намудани фарзанд, барои ӯ шароити муносиб муҳайё намудан зарур аст. Махсусан дар пӯшидани либосҳои расмии мактабӣ аз ҷониби фарзанд падару модар бояд назорат намоянд. Волидайн метавонанд дар маҷлисҳои падару модарон, чорабиниҳои мактабӣ, дар раванди донишандӯзии фарзандашон ба дарсҳояшон иштирок намуда ҳамкориро бо муаллимон, мураббиён ва устодон ҷоннок гардонида бо ин восита ҳисси масъулиятнокиро пурзӯр гардонанд.

Мутаасифона дар ҷамъияти мо падару модароне ёфт мешаванд, ки бо сабабҳои гуногун аз ҷумла: аз сабаби паст будани вазъи иқтисодии оила ба муҳоҷирати меҳнати рафтан, паст будани маърифати оиладорӣ, хушунат дар оила, истифодаи зиёди нӯшокиҳои спиртӣ ва маводҳои мухаддир нисбати тақдири фарзандон бепарвогӣ зоҳир намуда оқибат тарбияи онҳоро коста мегардонанд. Маҳз ҳамин бепарвогии волидайн ва бетарафии аҳли ҷомеа боиси гумроҳии бархе аз ҷавонон гардид, ки онҳо роҳҳои нодурусро пешаи худ намуда ва умри ҷавони хкшро сарфи амалҳои номатлуб карданд. Барои ҳамин ҳам аз нодониву гумроҳӣ як зумра ҷавонон шомили гурӯҳҳои ифротиву экстромистӣ гардиданд.Ба ин гурӯҳ ҷавонон Шайх Саъдӣ чунин қайд кардааст:

Роҳбаре ҷӯй, ки дар ин даҳр ҳар сӯй роҳ аст,

Марди саргашта чи донад, ки куҷо бояд рафт.

Аз ин байт бар меояд, ки мо бояд раҳнамое дошта бошем, ки роҳи дурустро ба мо нишон диҳаду роҳнамоӣ намояд, то ки дар ин дунёи пурмоҷаро фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо нагардидему ояндаи хешро ба боди фано насупорем.

Имрӯз зарураст, ки натанҳо падару модарон ва омӯзгорон, балки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва кулли ҷомеа барои беҳ гаштани шароити тарбия ва сифати таълим ҳисагузор бошанд.

                                                                       Устоди  кафедраи

                                                          педагогика-психологияи ДОТ                                                                        дар шаҳри Панҷакент

                                                          Қурбонова Афзуна Азимбоевна