Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Олам яктост, Тоҷикистон яктост.

Мо як Ватан, як кишвар, як умедгоҳ дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Тоҷикистон- кишвари мо, умедгоҳи мо, Ватани гулпӯшу гулгулшукуфони мост. Тоҷикистон бо дашту даманаш, бо кӯҳҳои осмонхарошаш, бо чаҳ-чаҳи булбулони хушилхонаш, бо ҳавои рӯҳбахшу диловезаш барои мо азиз аст.

   Тоҷикистон- як пораи дили мост. Шоир мегӯяд:

   Тоҷикистон- кишвари ман, модари ман,

   Модари ҷонпарвари ман.

Ҳар шахси боору баномуси Ватан бояд ба худ саволе диҳад, ки барои гулгулшукуфонии Ватани худ чи корро анҷом дод? Чи коре кард, ки барои халқу Ватани худ манфиате оварда бошад? Бояд фикр кунад, ки имрӯз чи фоидае ба мардум расонд? Чи тавре, ки шоир мегуяд:

Ҳаршаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,

Имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Ҳоло ҷаҳон дар вазъияти муташанниче карор дорад. Аз чор тараф дастаҳои мусаллаҳ ҷаҳонро ба ларза дароварда истодаанд.   Давлатхои манфиатбардор онхоро пуштибонӣ менамоянд. Барои он душманон танҳо пулу мол азизу муқаддас аст. Ин хоинони бедину беимон, ин душманони манфиатҷӯ чашми тамаъ ба Ватани азизи мо низ дӯхтаанд. Онҳо мехоҳанд, ки ба воситаи миллатгароиву маҳалгарои дар байни давлати сермиллати мо ҷудои афкананд. Як маҳалро аз маҳали дигар, як миллатро аз миллати ғайр беҳтар медонанд. Албатта онҳо дар шиор зеро мақсади онҳо бовар кунондани халқ ба дуруғҳояшон мебошад.

Онҳо шиори «Ҷудоиандозу ҳукмроникун»  – ро пеш гирифтаанд. Онҳо ба нолаи Модари зору гиряи тифли беқарор коре надоранд. Пеши чашми онҳоро ҳиси пулу мол пӯшондааст. Лекин халқ бедору ҳушёр аст. Халқе, неъмати озодию истиқлолро чашид, халқе ки ба ояндаи дурахшони худ бовар кард, халқе, ки бо роҳбарии пешвои худ роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон дорад, фиреби ин нохалафонро нахоҳад хурд.

Кӯшиши ин нохалафон монанди шағоли захмин аст, ки ба муқобили шери ғуррон аз дур нула мекашад.

            Мо намегузорем, ки Ватан қисмат шавад. Ба монанди шишаи шикаста. Мо як халқ, як тан, як ҷон ҳастем. Мо як дилу як маром ҳастем. Тоҷикистон яктост як гӯшаи беҳтарини дунё. Як модари ғамхор. Олам яктост Тоҷикистон яктост.     

            Бобоев Абдумаҷид

омӯзгор