Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Решакан кардани ин падидаи носолим…

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва иҷтимоӣ эълон гардида, ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаю шоиста фароҳам оварад.

     Аз хамин сабаб, ҳаллу фасли масълаҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии мамлакат мебошад. Дар сиёсати иҷтимоии ҳукумат ва давлат масълаҳои ҷавонон ва боло бурдани фарҳанги миллӣ дар мадди аввал меистад. Пеш аз ҳама, бояд дар назар дошт, ки дар асари таҳаввулоти азими иқтисодию иттилоотӣ, фарҳанги рӯзгор, тафаккур ва биниши ҷавонон низ тағйир пазируфтааст. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофия нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибати байналмилалӣ таъсиргузор мебошад.

    Вазъи имрӯза вобаста бо тундравии ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки аз нофаҳмӣ ва ноогоҳию бехабарӣ аз фарҳанги миллӣ, паст будани сатҳи маърифат, надоштани дониши сиёсӣ, надоштани мавқеъ дар оила ва ҷомеа, нокомиҳои иқтисодӣ, тангдастиҳои рӯзгор, ҷудошавии оилаҳо омилҳои гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Онҳо ба дасисаҳои дастгоҳҳои иттилоотӣ бовар карда, ба чунин гурӯҳҳо шомил шуда, бо фикру ақидаҳои хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонда, вазъро ноором месозад. Бо мақсади баргардондан аз ин роҳ воситаҳои гуногуне мавҷуданд, ки садди роҳи онҳо мешавад. Барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб институтҳои сиёсии ҷомеа  ва ҷомеаи шаҳрвандиро лозим аст, ки баҳри решакан кардани ин падидаи носолим дар якҷоягӣ ҳамкориҳои густурдаро роҳандозӣ намояд. Аз ин лиҳоз, ташкил кардани системаи боэътимоди муқовимат ба терроризм ва экстремизм, амалӣ намудани чорабиниҳои огоҳкунӣ, мустаҳкам кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омодагӣ ва такмили ихтисоси каррӣ, таъминот бо воситаҳои моддию техникии муосир, ҷалби сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар пешгирӣ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ифодгаро мебошад.                

      Дар замони муосир, таҷдиди назар кардан ба раванди бонизоми таълиму тарбияи насли ҷавонон аҳмияти бузург дорад. Зарур аст, ки дар баробари омӯхтани илмҳои бунёдӣ, табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи навин ҷавонону наврасон доир ба динҳои ҷаҳонӣ низ иттилооти кофӣ дошта бошад.                                                                                 

   Гулбаҳор Худойбердиева