Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Ҳамоиши илмӣ методӣ дар ДОТП

Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент рӯзӣ 30,01, 2020 бо иштироки олимони, унвонҷӯён, устодону магистрон ва меҳмонони аз хориҷи кишвар ҳузурдошта – Петрусевич А. А (доктори илмҳои педагогӣ проффесори, кафедраи педагогика ва психологияи университет педагогический Омский, Аханов Б. Ф номзади илмҳои педагогӣ, Донишгоҳи давлати Қазоқистон, Вахитджон С омӯзгори Донишгоҳи давлати Қазоқистон) баргузор гардид.

Вохӯриро ректори донишкада ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханро ба Петрусевич А. А  дод, ки дуюми роҷеъ ба ҳамкориҳои илмӣ байни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Институт Омск ва Донишгоҳи давлати Қазоқистон ақида баён намуд. Мавсуф доир ба паҳлӯҳои навиштани мақолаҳои илмию методӣ тарзи интихоби мавзӯъ ва ғайра суханронӣ намуд.

Сӯҳбатро доктори илми таърих, профессор Воҳидов Ш. Ҳ идома бахшида, ҳозиринро бори дигар бо метод ва методологияи навиштани мақолашинос намуд. Устод Воҳидов Ш. афзуд, ки мо натиҷаи семинари баргузоргардидаро интизорем ва ҳар устоди донишкада бояд то моҳи апрел, ки конфронси илмии донишҷӯён ва магистрантон баргузор ҳохад шуд, мақолаҳои хешро пешниҳод кунанд.

Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки дар донишкада Кафедраи методикаи таълими фанҳо таъсис дода шавад. Аз номзадони илм даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар моҳ ҳамчун олим мақола дар КОА (ВАК) бояд интишор ёбад, зеро илму дониш маҳаки асосии фаъолияти ҳар устоди донишкада ба ҳисоб меравад.