Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Конфренсияи илмӣ аз силсиламавзӯъҳои “Бузургдошти Саразми бостон” – “Маликаи Саразм”

Рӯзи 13 феврали соли равон бо ибтикор ва иқдоми шӯъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент як анҷумани илмӣ – амалӣ бо номи “Маликаи Саразм” баргузор гардид. Анҷуманро сардори шуъбаи илм номзади илмҳои филологӣ Гулпарӣ Шарифова оғоз намуда ҳозиринро хайра мақдам гуфт ва бо маърӯзачиён ошно намуд.

Ноиби ректор оид ба корҳои тарбия ва ташкилӣ, номзади илмҳои педагогӣ Фотима Сироҷзода бо маърӯзаи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи фарҳанги миллӣ” баромад намуда, устодону шогирдону шогирдони донишкадаро бо маълумотҳои дақиқу  назаррас шинос  карда роҷеъ ба суханони пурҳикмати Сарвари давлати тоҷикон оид ба Саразм  ошно намуд.

Сипас, устоди калони факултети таърих, ходими илми  Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сайёра Воҳидова перумони таърихи кулолгарӣ дар Саразм ва бозёфтҳои солҳои гуногун наклҳо намуд, ки баромадҳои хеле ҷолиб буд.

Устодони ҷавони донишкада Рухшона Муллоева ва Парвина Шукурова аз факултети таърих низ доир ба ҳифзи бозёфтҳои Саразми бостон, ки дар арафаи таҷлили 5500 солагиаш истодаем, музокира карданд. Донишҷӯён Хурсандмурод Сафаров, Рухшона Раҳмонова ва Бибиҷон Раҳимзода роҷеъ ба Саразм порчаҳои шеъри ва насрӣ қироат намуда хотири ҳозиринро болида гардониданд.

Дар рафти конфронс раиси шӯрои бонувони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, устоди калон Воҳидова Гулнора ва мудири кафедраи  забонҳои хориҷӣ дотсент Меҳринисо Очилова Ибрози ақида намуданд. Конфронси илмӣ амалӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардида, хотири ҳозиринро болида намуд.