Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Ид муборак бонувони азиз!

Санаи 5 – марти соли равон бо ибтикори Шӯрои бонувони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Гулнора Воҳидова, Додарой Самеҳова ва Ҳоҷарой Баротова чорабини хотирмоне бахшида ба гиромидошти Рӯзи Модарон баргузор шуд, ки дар ин чорабинӣ кулли бонувону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзида, бо қироати шеърҳои пурмазмун, сурудҳои фораму дилнишин, саҳнаҳои ҷолибу таъсирбахш, ки дар васфи Модар аст иҷро карда, хотири занону омӯзгорони донишкадаро баланд намуданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ ноибони ректор Воҳидов Ш. ва Сироҷзода Ф. ба сухан баромада аз номи раёсати донишкада ҳамаи бонувонро ба рӯзи идашон табрик намуданд. Чорабинӣ хотирмон гузашт.