Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Забон донӣ, ҷаҳон донӣ

Донишҷӯёни  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри  Панҷакент чун дигар самтҳо дар самти илм низ хеле фаъоланд. Хушбахтона , ин маротибаи чандум аст, ки толибилмони мо ба илму дониши хеш ҳамсолони худро ба ҳайрат мегузоранд.

Ду соли охир ( 2019-2020 ) Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби донишҷёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент гардид. Боиси тазаккур аст, ки моҳи марти соли равон дар Донишгоҳи  давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода озмуни

“ Наттоқони  ҷавон ”  бо забони ҷопонӣ баргузор гардид, ки донишҷӯи курси якуми донишкадаи мо Алиқулов Ҷамолиддин соҳиби ҷойи аввал гардид. Устоди Ҷамолиддин муаллимаи фанни ҷопонӣ Хашинага Каорӣ мебошад, ки ӯли ду сол ба донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сабақ меомӯзад. Ин муваффақиятро ба ҳаммаи устодони  ДОТП табрик менамоем.