Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки барои бар сари хатти сарҳад ба мувофиқа расидан кушиш ба харҷ медиҳанд ва сокинони марзии ду ҷониб низ муноқишаҳои солҳои гузаштаро ба фаромуши супорида буданд. Аммо муноқишаҳои навбатӣ, ки танҳо дар як моҳи майи соли ҷорӣ ду маротиба сурат гирифт ба беҳбудии муносибатҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон бетаъсир нахоҳад монд.

Читавре, ки огаҳ ҳастем субҳи 24-уми май дар марзи байни деҳаҳои Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух ва деҳаи Чичилиқи Қирғизистон байни сокинон муноқиша рух додааст. Ва ин муноқиша ба тирпаронии байни марзбонҳои тоҷику қирғиз печида, дар ҷараёни он марзбони 19 солаи тоҷик Зоиров Давлатёр аз пояш захмӣ шудааст. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон чӯпонҳои қирғизро гунаҳгор кардаанд, ки вориди қаламрави Тоҷикистон шуда , даст ба муноқиша задаанд. Аммо Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон баракси ин амали марзбонони тоҷикро иброз медорад, ки гӯё аввал афроди ношинос аз қаламрави Тоҷикистон ба сӯи марзбонони Қирғизистон тир кушода бошанд. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар ин муноқиша ва задухурди марзӣ ягон нафар аз ҷониби Қирғизистон осеб надидааст.

Дар рузи Иди Саиди Фитр рӯйдоди ин ҳодиса далели тасодуфи набуда, балки шаҳодат аз кирдорҳои ғаразноки қирғизони моҷароҷӯ аст ва ошкор аст, ки ин амалҳо аз ҷониби баҳсбарангезони қирғиз, ки обу чарогоҳу заминро сарчашмаи муноқиша намуда мехоҳанд ҳамеша сулҳу оромиши моро ба ҳам зананду порчае аз замини давлати моро ғасп намоянд пешаки тарҳрезӣ гардида, дар рузҳои иду санаҳои муҳиму таърихии миллати тоҷик амалӣ мегардонанд. Аммо дарк карда наметавонанд, ки амали гардонидани ин андешаҳои нопокашон ба сарзамини ҳамешаҳифзи тоҷик корест басо мушкил.

Барзамми ин ҳама, ин муноқишаҳо дар мавриде сурат гирифта истодааст, ки халқи ҷаҳон барои муқобила бо густариши бемории “Каронавирус” даступо мезананд. Баҷои муноқишаву хуни ҳамдигаррезӣ ин ду кишвари ҳамдину ҳамсояву ҳаммарзро мебояд содиқона ва бо дастгирии якдигар бар зидди ин вабои аср, ки ҷони ҳазорон нафарро ба коми марг кашидаву ҳазорони дигарро бо шадидияти дард маҳкум кардаистодааст мубориза баранду баҳри сулҳу ободии якдигар камари ҳиммат банданд.

Устоди кафедра педагогика

психологияи ДОТП: Қурбонова Афзуна.

Categories: Андеша