12 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент дар қатори якчанд иншоотҳои ҷашни 5500 – солагии Саразми бостон бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Маърифатпарвар” –и назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд. Корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар шакли Парки технологӣ таъсис дода шудааст, он дорои  имкониятҳои васеъ барои истеҳсоли номгӯи зиёди маҳсулот ва омӯзиши технологияи инноватсионӣ мебошад.