{:tj}

Ба муносибати 700 солагии шоири бузурги адабиёти классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ бо ибтикори факултети филология як чорабинии илмию адабӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Пас аз ифтитоҳи анҷуман устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, н.и.ф Гулпарӣ Шарифова ва Абдулқодири Наҷмиддин музокираҳои хешро аз ҳаёти илмии Камоли Хуҷандӣ ба самти ҳозирин расониданд.

Шогирдон саҳнаи театрикунонидашудаи “Суханвари сеҳрофарин”-ро хеле моҳирона ба иҷрро расониданд.

Дар интиҳо, ректори ДОТП Ансорӣ М.Қ. суханронӣ намуда, ҳозиринро бо солгашти бузурги ин нобиғаи адабиёт муборакбод намуда барояшон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

{:}{:rf}

Рӯзи 25,12,2020 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент анҷумани “ Масоили мубрамӣ улуми иҷтимоӣ-гуманитарӣ, фанҳои дақиқу табиатшиносӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пандемияи Covid-19” баргузор гардид, ки 12 донишкадаю донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон,  Қазоқистон, Фудератсия Россия, давлати Чин тавассути системаи онлайн музокираҳои хешро қироат намуданд.

Анҷуманро ректори ДОТП профессор Ансорӣ М.Қ. ифтитоҳ намуда дар кори конфронс барору муваффақият хостанд. Анҷуман аз 8 бахш иборат буд, ки ҳар як бахш масоили мубрамро дар бар мегирифт.

Дар бахши ҳаштуми анҷуман, ки қадришиносии ходимони илму фарҳанг буд ба чор нафар унвони “Устоди фахрӣ “ дода шуд. Инҳо ҳунармандони беҳамтои “Шашмақом”-и Панҷакент Олим Бобоев (баъд аз марг), Умриҷон Баҳриев, Султоналӣ Худойбердиев ва Иброҳими Наққош буданд.

{:}