Tajik Pedagogical Institute in Panjakent

Ифротгароии динӣ

Ифротгароии динӣ ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад.

         Ифротгаро динро ба таври рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, бо ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро талаб мекунад.

         Ифротгароии динӣ тарзи фаҳмиш, навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ва тундравии динӣ табдил меёбад.

         Ақидаҳои ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиѓот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагонии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин рў дар зиндагии рўзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа  қобили қабул нест. 

         Мусаллам аст, ки ин падидаҳои номатлуби аср-терроризм ва экстремизм на ватан дораду на миллат. Ин зуҳуроти манфӣ дар он ҷое ба мисоли заҳрпечак неш задаю реша медавонад, ки сатҳи маърифати мардуми минтақа  паст бошад, ё гирифтори бепарвоию бедардӣ бошанд.

         Саъдии бузургвор беҳуда ҳанўз қариб ҳаштсад сол пеш нагуфта буд:

                   Бани одам аъзои якдигаранд,

                   Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,

                   Чу узве ба дард оварад рўзгор,

                   Дигар узвҳоро намонад қарор.

         Пас, барои пешгирӣ ва решакан намудани ин вабои аср бояд дастҷамъона мубориза бурд.

         Ҳоло бисёриҳо дар коста шудани ахлоқи ҷавонон, телефонҳои мобилӣ, интернет ва намоиши фиттаҳои хориҷиро сабаб медонанд. Месазад, ки ба ҷои шикоят кардан ҳам мактаб, ҳам оила, ҳам намояндагони муассисаву таълимгоҳҳо роҳҳои дуруст ва самараноки истифода аз ин воситаҳои муосири техникиро омўзонанд, то ҷавонони мо аз фазои орму осудаи кишвар истифода намуда, дар пешравӣ ва боз ҳам чун гулгулшукуфоии меҳани азизи худ саҳми арзанда гузоранд.

Раҷабов Мақсатилло-ҷонишини директор                       оид ба илм ва муносибатҳои байналмиллалии  Коллеҷи                                         омўзгории шаҳри Панҷакент