Магистратура

Магистратура зинаи мустақили таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади таъсиси он таъмини соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва системаи илму маорифи ҶТ бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Магистратура тахсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба стандарти байналхалқии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад. Хатмкунандагони магистратура баъд аз дифои рисолаи магистрӣ соҳиби дипломи магистр шуда, ҳуқуқи бурдани кори илмӣ «доктори илм» аз рўи ихтисос (PhD) мегарданд.

Тибқи иҷозатномаи АУ № 0001102 Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми ҶТ қабули донишҷўёни барои гирифтани таҳсил дар шўъбаи рўзонаи магистратура аз рӯи ихтисосҳои зерин муайян гардида шудааст:

   Рамз

Номгўи ихтисосҳо

Рўзона

Ғоибона

1.

1. 02. 05. 03. 02

Математика – информатика

7

-

2.

1. 02. 03. 07

Забонихориҷи (забонианглисӣ)

Забонваадабиётитоҷик

7

-

3.

1.25.01.08

Баҳисобгириибухгалтерӣ, таҳлилва аудит дар соҳаимаориф

7

-

4.

1.02.04.04

Биология. Химия

7

-

5.

1.02.01.01

Таърих

7

-

 

Ҷамъ:

35

-

Маблағи таҳсил

Таҳсил дар магистратураи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шартномавӣ буда, арзиши таҳсил дар соли хониши 2015-2016 дар шӯъбаи рӯзона барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 2000 сомонӣ, барои шаҳрвандони хориҷӣ 3500 сомонӣ ва дар шӯъбаи ғоибона барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 1500 сомонӣ, барои шаҳрвандони хориҷӣ 3000 сомонӣ муайян карда шудааст.

Мўҳлати таҳсил барои хатмкунандагони зинаи бакалавр дар шакли рўзонаи магистратура 2 – сол ва дар шакли ғоибона 3 – сол муқаррар гардидааст. Қабули хатмкунандагони зинаи мутахассис ба магистратура барои таҳсил дар мўҳлати як сол аз якуми сентябри соли 2015 ба роҳ монда шудааст.

Талаботҳои қабул ба магистратура

1. Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё худ мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталаб аз рӯи тахассуси интихобнамудааш кори хаттӣ (реферат) пешниҳод намуда, ба тариқи сӯҳбат аз озмунмегузарад. Бароишахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратура имтҳонҳои ҳатмӣ аз фанҳои тахасссусӣ муқаррар карда мешавад.

2. Агар дохилшавии довталаб ба магистратура, баъд аз ҳамон соли мактаби олиро хатм кардани мувофиқ ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҷои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз баҳои «хуб» паст набошад). Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталаб имтиҳон месупорад.

3. Аз рӯи натиҷаи сӯҳбат ва супоридани имтиҳони дохилшавӣ  оиди қабул ба магистратура қарори мусбат ё манфӣ қабул карда мешавад.

4. Холи миёна аз рӯи замимаи дипломи таҳсилоти олӣ муқаррар карда мешавад.

5. Барои қабул ба магистратура довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  • аризаишахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва ихтисоси он;
  • дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;
  • ҳуҷҷат оид ба эътирофи маълумоти олӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои шаҳрвандони хориҷӣ);
  • тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 086/У);
  • 6 адад  акс (андозаи 3х4);
  • шиноснома (нусха);
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;

Contacts

Tajik Pedagogical Institute of Panjakent

Address: 734000, Republic of Tajikistan,

Sogd, Panjakent city, Rudaki avenue 108

Phone: (+992) 34 75 5 40 50

Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Join us in social networks