Маркази фарҳангии Амрико

Маркази фарҳангии Амрико дар шаҳри Панҷакент 28 октябри соли 2012 бо дастгирии ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Ансоров Муаззам Кудратзода ва сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт (Susan M. Elliott) кушода шуд.

ibrohimovaҲамоҳангсози марказ - Иброҳимова Нилуфар.

Маркази фарҳангии амрикоӣ - ҳамкорӣ байни Раёсати корҳо бо ҷомеаи сафорати ИМА ва ДОТ дар шаҳри Панҷакент мебошад. Маркази мазкур ба иттилооти ҷорӣ ва салоҳиятдор дар бораи Амрико тавассути маҷмӯаҳои китоб, шабакаи Интернет, инчунин бо воситаи барномаҳо барои ҷомеае, ки берун аз Иёлоти Муттаҳида мебошанд таъмин менамояд.

Маркази мазкур дорои китобхона, китобҳо ва филмҳо бо забони англисӣ дар бораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Инҷо маводҳои иттилоотӣ аз Раёсати иттилоот, барномаҳои байналмилалии Департаменти давлатии ИМА, китобҳои бадеӣ, нашрияҳо корӣ ва ҳукуматӣ, ва дигар маводҳо барои омӯзиши забони англисиро дорост. Дар маркази фарҳангии амрико инчунин шабакаи интернет барои иттилоот дастрас мебошад ва ин марказ бо маҳсулоти аудио, видео ва дигар дискҳо таъмин аст.

Дар маркази фарҳангии Амрико курсҳои забони англисӣ дар сатҳи гуногун, хондани шеъру асарҳои нависандагони амрикоӣ, хондани сурудҳои англисӣ, вохурӣ бо воситаи Skype, бозиҳои таълимӣ барои аз худ намудани калимаҳои нав, муҳокимаҳо, муошират бо англисзабонҳо, конфронсҳо ва бисёр дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ва илмӣ баргузор мегарданд. Дар ин марказ инчунин идҳои Амрико ва Тоҷикистон қайд гарда мешавад. Ҳар ид мо кӯшиш мекунем, ки бештар дар бораи фарҳанги ҳар як миллат нақл кунем ва нишон диҳем. Тамоми фаъолият бо забони англисӣ мебошад ва ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён ва хонандагон истеъдоди эҷодӣ ва дониши забони англисии худро нишон диҳанд.

Ҳар сол дар Маркази фарҳангии Амрико дар бораи барномаҳои гуногуни грантӣ ва мубодилавӣ барои хонандагони мактаб, донишҷӯён ва омӯзгорон эълон карда мешавад. Барои дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ройгон таҳсил кардан ин имконияти хуб мебошад.

Инчунин озмунҳои дигар, ба монанди озмуни солонаи мусиқии "Суруди Шоҳроҳи Абрешим» ва мусобиқаҳои рақс эълон карда мешавад. Дар охирон озмуни мусиқӣ, ки моҳи апрели соли 2014 бо иштироки хонандагон ва донишҷӯён баргузор шуд, хонандаи мактаби миёнаи №15  Пӯлотов Ҷамил ғолиб гардид ва инчунин пас, дар хотимаи озмуни мазкур, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҷойи дуюмро ишғол намуд. Ғолиби озмуни рақс донишҷӯи ДОТ дар шаҳри Панҷакент Бегмуродов Фаррух дониста шуд.

Моҳи сентябри соли 2014 ба Маркази фарҳангии Амрико дар шаҳри Панҷакент Закари Уокер Браун (Zachary Walker Braun) бо барномаи Fullbright омад. Браун дар Панҷакент аз сентябри соли 2014 то моҳи июни соли 2015 фаъолияти кории худро идома дод. Ин имконияти хуб барои донишҷӯён ва дигар меҳмонони Маркази фарҳангии Амрико буд, ки дониши забони англисии худ ва тарзи дурусти суханвариро  ташаккул диҳанд.

Закари Браун саҳми босазое барои рушди Маркази фарҳангии Амрико гузошт. Ӯ ба хонандагон ва дошинҷӯёни зиёд забони англисиро омӯзонид ва инчунин дар ҳаёти эҷодии марказ фаъолона иштирок кард. Браун донишҷӯён ва хонандагонро ба саҳнаи «Ромео ва Ҷулетта» омода намуд, ки толибилмон чи аз лиҳози равонии забон ва чи дар иҷрои нақшҳо маҳорати хосае нишон доданд. Намоиши саҳна бо забони англисӣ  14-уми феврали соли 2015 дар театри «Геологҳо» барпо шуд.

Имсол ба Маркази фарҳангии Амрико Карисса Лендес (Carissa Landes)  инчунин бо тавассути барномаи Fulbright ташриф меоварад.

Феврали соли 2015 Ҳабибова Фарзона бо тавассути Сафоратхонаи ИМА дар барномаи «Open World» оид ба мавзӯи «Идоракунии масъулӣ: Зиёд кардани имконияти ҷавонон» иштирок намуд ва имконияти ба Вашингтон (округи Колумбия) ва Албукерке, (илоёти Ню-Мексико) сафар карданро ба даст овард.

Маркази фарҳангии Амрико дар шаҳри Панҷакент бо PeacePal, Кӯпрук ба Тоҷикистон (Bridges to Tajikistan), ва донишгоҳҳои зиёди дигар дар ИМА лоиҳаҳои муштарак ба монанди «Penpal» ва «Big brothers, big sisters" дорад. Маркази мазкур низ бо дигар Гӯшаҳои амрикоии Тоҷикистон, кӯдакистонҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Панҷакент низ ҳамкорӣ мекунад.

Contacts

Tajik Pedagogical Institute of Panjakent

Address: 734000, Republic of Tajikistan,

Sogd, Panjakent city, Rudaki avenue 108

Phone: (+992) 34 75 5 40 50

Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Join us in social networks

Асосӣ Structure American culture center