Китобхона

Китоб ва мачмуи китобхона хамеша ифшогари мафхуми "Фарханг" буда, интиколкунандаи афкору андешаи инсонхо буду хаст. Он чиз исбот асту собит намуд, ки махз китоб ва фаъолияти китобхонахо дар инъикоси вазъи ичтимои фархангии чомеаи мо хеле мухим чилваагр аст. Китоб хам гуё сахнае равзанае хаст, ки хонандааш ба туфайли он ба олами дуродури нопайдоканори маъни ба сафар мебарояд ва аз сафар тушахои гуногуни чамъ овардаашро ба хамсафаронаш такдим карда медихад.

Китоб ва китобхона мукададстарин падидае ва чойгохест, ки Худованд ба инсон хадя кардааст, ба кадри онхо расидан фарз ва хам сунат мебошад. Китобхонаи Донишкадаи омузгори дар асос ва аз хисоби муассисон соли 1991 ташкил шудааст. Дар солхои баъд аз ташкилшавии донишкада фонди китобхона аз сарчашмахои гуногун пур шуда, имруз ба 10046 китоб расидааст, ки аз он 3330 адад ( 33 %) - ро китобхои сохави ташкил дода (67%) бокимондаашро китобхои гуногун аз чумла бадеи ташкил медихад. Ба гайр аз китобхо дар китобхона мачалла ва рузномахо низ вучуд дорад. Дар китобхонаи Донишкада бо чахор забон китобхоро дастрас намудан мумкин аст.

16 – июли соли 1991 бо қарори ҳукумати ш. Панҷакент дар бораи таъсис додани маркази Осиёи Миёнагии донишгоҳи озоди Россия дар ҳайати 4 факултет таъсис ёфт. Баъдан бо қарори ҳукумати ҶТ таҳти рақами 483 аз 05.10.1994 дар бораи таъсис додани донишгоҳи озоди Тоҷикистон ҳоло (Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон ҳамчун муассисаи ғайридавлатии худмаблағгузор ба тавсиб расид) ва ин маркази таълими то имруз дар ш. Панҷакент фаъолият дорад.

Бо баробари ташкил шудани факултетҳо китобхонаи донишгоҳ низ ташкил карда шуд ва мудири китобхона Тазитдинова З. Н. таъин карда шуд.  

Дар ҳамон давра китобхонаи мазкур дар маҷмуи 3016 адад китобро дар бар гирифта буд.

Ҳоло дар китобхонаи донишкада ду китобдор фаъолият карда истодааст. Китобхона то имруз дорои 18 хазору 180 адад махзани китобиро дорост.

Аз он ҷумла:

  1. Китобҳои соҳавӣ 8752 адад
  2. Китобҳои бадеи 5760 адад
  3. Китобҳои методӣ 3980 адад
  4. Адабиётҳои гуногун 312  адад

Ба ғайр аз китобҳо дар донишкада нашри рўзномаҳою маҷаллаҳо ба роҳ монда шудааст, ки шумораи онҳо ҳар ҳафта дар китобхонаи донишкада дастрас карда мешавад.

Contacts

Tajik Pedagogical Institute of Panjakent

Address: 734000, Republic of Tajikistan,

Sogd, Panjakent city, Rudaki avenue 108

Phone: (+992) 34 75 5 40 50

Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Join us in social networks