Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

НОМЕ

Китоб дӯсти инсон ва ганҷи бебаҳо

Сonferring to him the academic degree of candidate

Таҷлили ёдбуди 78 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Дар шӯъбаи рузонаи факултети менеҷмент имтиҳоноти хатми бакалавриат ба итмом расид.

Иштирок дар конференсияи байналмиллалӣ ш.Самарканд

Гузориш аз таҷлили ҷашни ҷавонон дар толори қасри Лоиқ Шералӣ таҳти унвони “Ҷавонон-ояндасози миллат”

Иқдоми башардӯстонаи сарвари кишвари Тоҷикистон.

Аз паём то паём

ПОРТАЛИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВИИ ДОТП

Наврӯз муборак


Ректори ДОТП: профессор, Ансорӣ М.Қ

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аввалин ва ягона муассисаи таълимии ғайридавлатии омўзгорӣ дар ҷумҳурӣ буда, фаъолияти худро тибқи барномава нақшаҳои таълимии тахассуси стандартҳои давлатӣ, ки ба омода намудани мутахассони касбӣҷавобгӯ ба талаботи давру замон мебошад ба роҳ мондааст. Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зодаи даврони истиқлолият буда, дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз 16 июли соли 1991 ҳамчун шўъбаи Маркази осиёимиёнагии Донишгоҳи озоди Русия таъсис ёфта ва аз соли 1994 ҳамчун Донишгоҳи озоди Тоҷикистон фаъолият намуда аз ду факултет: ҳуқуқшиносӣ ва менеҷменти тиҷоратӣ иборат буд. Вобаста ба талаботи айём соли 2001 дар донишкада факултети омўзгорӣ ташкил карда шуд. Соли 2007 вобаста бо таъсиси ихтисосҳои нави омўзгорӣ, таълимгоҳ номи Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро гирифт.

Таъсис ёфтани донишкада дар ҳаёти маънавӣ, маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангии водии Зарафшон ва вилояти Суғд рўйдоди фараҳбахш ва дорои аҳамияти бузурги сиёсию фарҳангӣ маҳсуб меёбад ва дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги Панҷакенти бостонӣ як саҳифаи навро боз намудааст.

Имрўз дар Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 2500 нафар донишҷўен таҳсил менамояд, кӣ аз онҳо 1700 нафарашон ба шакли ғоибонаитаҳсил фарогир мебошанд. Ба онҳо 146 нафар устодони соҳибкасбу бомаҳорат сабақ меомўзонанд, ки дар ҳайати онҳо 4 нафар доктори илм, ва 24 нафар номзадҳои илм мебошанд Теъдоди умумии кормандон беш аз 240 нафарро ташкил медиҳад.

Донишкадаи мазкурро зиёда аз 10000 нафар ҷавонон хатм намуданд ва ҳоло дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ фаъолият карда истодаанд.

Ҳақ ба ҷониби сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар сиёсати бунедкоронаву созанда ва хирадмандонаву пешбарандаи хеш соҳаи илм ва маорифро дар мақоми аввал гузоштааст. Зеро мамлакате, ки соҳаи маорифаш вусъатёфта аст, бешак боиси афзалиятнокии дигар соҳаҳо мегардад. Дарс шакли асосии кори таълим аст.

Дастовардҳои донишкада

7

Факултет

41

Ихтисосҳо

2677

Донишҷӯён

7

Серверҳо

260

Компютерҳо

30

Ноутбукҳо

Ҳамкорон

Факултетҳо

No Post found