Таджикский педагогический институт в Пенджикенте

Бахши кор бо ҷавонон

Бахши кор бо ҷавонон дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз шохаҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон  ба шумор меравад, зеро рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст.

Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: “Ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.”

Бахши кор бо ҷавонон яке аз субъектҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавононро дар сохтори Донишкада буда, дар доираи принсипҳои зерин кор ва фаъолиятро ба роҳ мондааст:

  • тарбияи мутахассисони аз ҷиҳати касбӣ, равонӣ ва сиёсӣ устувор, ки қобилияти касбии худро дар шароити гуногунии моликият ва ноустувории иқтисодиву сиёсии ҷаҳони муосир татбиқ карда тавонанд
  • тарбияи ҷавонони аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр ва дорои дониши сатҳи баланди касбӣ, ки қобилияти ба ҷомеа таъсиррасонӣ низ дошта бошанд
  • тарбияи мутахассисони дорои ахлоқи ҳамидаи инсониву касбӣ

Баши кор бо ҷавонон кори худро мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ”,  “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин барномаҳои давлатии “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон то соли 2020” ва пай дар пай амалигардонии “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият намуда истодаст. Вобаста ба ин бахши кор бо ҷавонон дар якҷоягӣ бо Шӯрои худидоракунии донишҷӯён дар хобгоҳҳо ва Донишкада, Шӯрои кураторон, ки аз сардори гурӯҳ, сардори иттифоқи касабаи донишҷӯён ва сардори созмони ҷавонони гурӯҳ ҳамкорӣ намуда, барои иҷрои вазифаҳои  ба зиммааш вогузошта шуда кӯшиш ба харҷ медиҳад.