Таджикский педагогический институт в Пенджикенте

Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯён

Бо қарори Шӯрои олимони

Донишкадаи омӯзгории

Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

тасдиқ шудааст.

Дастурамали

либосҳои тавсиявии донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Муқарароти умумӣ

Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ»,  «Қоидаҳои донишҷӯӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи донишкада», «Қоидаҳои тартиботи дохилии донишкада» инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия гардидааст.

Либосҳои тавсиявии  донишҷӯёни донишкада. Дастурамали мазкур тарҳи намунавии либосҳои донишҷӯёни донишкадаро оид ба ҳар як фасли сол барои духтарон ва писарон муайян менамояд. Либосҳои донишҷӯёни донишкада бояд  аз матоъҳои пахтагию абрешимӣ ё худ пашмӣ, ки барои саломатии инсон безарар аст, дӯхта шаванд. Аз истифодаи матоъҳои синтетикӣ, ки ба саломатии донишҷӯён зараровар мебошанд, худдорӣ карда мешавад.

Дар донишкада бо қарори Шӯрои олимон талаботи пӯшидани либосҳои донишҷӯён таъмин карда мешавад.  Ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва ба писарон бо тоқӣ дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад. Ҳамаи донишҷӯёни донишкада ҳангоми ба дарс омадан бо худ ҷузвдон мегиранд.

Ҳангоми сард будани синфхонаҳо ба донишҷӯёни донишкада бо либосҳои гарми зимистона (болопӯш, палто, ҷемпер ва куртка) дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад.

Дар донишкада барои донишҷӯён истифода бурдани лавозимоти хонише, ки дар онҳо расму суратҳои нимурён, аксҳои гуногун аз филмҳои хориҷии талқинкунандаи равонияти зӯроварӣ ва барангезанда тасвир шудаанд, қатъиян манъ мебошад.

Зарурати омода намудани  либосҳои  тавсиявии донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар банди 4 «Қоидаҳои донишҷӯӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии   Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2006 №32/3) таъкид гардида аст.                                      
           Либоси донишҷӯӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши бузург мебозад. Либосҳои намунавии донишҷӯӣ дар замири донишҷӯён ҳисси зебопарастӣ, озодагӣ ва хулқу атвори ҳамидаро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва бо интизом бошанд.

Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илми ҶТ «Дастурамали либосҳои тавсиявиро тасдиқ намуд, ки дар асоси он  «Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯёни донишкада таҳия ва тасдиқ гардид.

Оиди Дастурамали либосҳои тавсиявии донишкада дар замири донишҷӯён ҳисси  зебогӣ, озода ва хулқу атвори  онҳоро нишон медиҳад, барои  бинанда  маълум мегардад, ки ин либосҳои  тавсияшуда  хоси  симои донишҷӯ  мебошад.

      Либосҳои тавсия шудаи донишгоҳ ба фаслҳои сол ҷудо шуда, сифат ва аз ҷиҳати  тиббӣ  нишон  додашудааст,  бинобар  ин имрӯза семинар – машварати мо бахшида ба ин «дастурамал» мебошад ва мо баъди дида баромадани «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ» фикру мулоҳизаҳо ва ё пешниҳодҳои  шумо шунида мешавад.