Таджикский педагогический институт в Пенджикенте

Маркази такмили ихтисос

       Такмили ихтисоси кормандон яке аз шартҳои фаъолияти пурмаҳсули ҳар як ташкилот ба ҳисоб меравад. Махсусан дар шароити муосир, ки ҷараёни илмӣ-техникӣ ба суръати баланд пеш рафта истодааст. Маркази такмили ихтисос ва татбики лоиҳаҳо яке аз сохторҳои  Донишкада ба ҳисоб рафта, фаъолияташро барои ташкил ва мониторинги курсҳои такмили ихтисос барои кормандони Донишгоҳ, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои таълимӣ оиди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар соҳаҳои омӯзгорӣ  равона кардааст.

   Ба такмили ихтисоси кормандон дар Донишкада диққати махсус дода мешавад. Тибқи нақша чорабиниҳо оид ба тадбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати ҶТ дар самти “Ташаккул ва такмили низоми омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани  такмили ихтисоси кормандон оиди маълумоти илмӣ-техникӣ” муқарар намудааст,  кормандони Донишкада малака ва дониши худро дар дигар Донишгоҳҳо ва корхонаҳои гуногуни ҶТ мукаммал мегардонанд. Инчунин, тибқи созишномаҳо байни Донишкада ва дигар макотиби олии хориҷи наздику дур устодон ва кормандон имконияти дар донишгоҳҳо ва корхонаҳои Ф.Россия, ИМА, Аврупо, Чин, Япония, Белоруссия ва Қазоқистон гузаштани такмили ихтисос ва бозомӯзиро доранд

Фаъолияти марказ дар доираи самтҳои зерин амалӣ мегардад: 


1. Амалӣ сохтани барномаҳои таълимӣ, методӣ ва илмӣ барои кормандон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии курсҳо аз рӯи номгӯи васеи курсҳо; 
2. Тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳибкасби соҳаи хизматчиёни давлатӣ ва кормандони илмӣ-педагогӣ; 

3. Гузаронидани курсҳои иловагии ройгон ва пулакӣ; 

4. Амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ-методӣ, рекламавӣ ва нашриётӣ. 

Ба шунавандагон дар натиҷаи ҷамбасти курсҳо ва аз худ кардани барномаи таълимӣ сертификат дода мешавад.