Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Маркази таҳсилоти фосилавӣ

 Системаи таҳсилоти фосилавӣ — ин шакли қулаи омӯзиши таҳсили ғоибона мебошад, аз он ҷумла барои гирифтани маълумоти дуюм ва барои он шахсоне, ки имконияти хондани таҳсили рӯзона ё ғоибонаро надоранд пешбинӣ шудааст. Интернет-технология барои дастрас намудани маводҳои таълимӣ-методӣ ва барои ҳамкории донишҷӯ бо омузгор ба воситаи шабакаи глобалии интернет кор фармуда мешавад. Омӯзиш дар система сифати кори мустакилонаи донишҷӯёнро баланд мегардад, кор бо компютер имконият имконият медихад, ки хисобкунихо бо дараҷаи баланд иҷро карда шаванд. Навиштани корҳои семестрӣ ва истифодабарии маводҳои шабакаи глобалӣ барои омӯзиши чуқури мавзӯъҳо мусоидат мекунад.
         Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Шаҳри Панҷакент  барои роҳандозии ин намуди таҳсил ҳамаи шароитҳо муҳайё аст. Дар донишкада утоқҳои махсус, синфхонаҳои лингафонӣ, синфхонаҳои компютерӣ, синфхонаҳои лекссионии бо доска электрони муҷаҳҳаз бо дастрасӣ ба шабакаи саросарии ИНТЕРНЕТ барои донишҷӯён пешкаш гардидааст. Донишкада бо бисёр донишгоҳҳои байналмилалӣ ва   муассисаҳои олии пешрафтаи дунё шартномаи ҳамкорӣ дорад. Устодони донишкада имконият доранд, дар ин гуна муассисаҳои олӣ савияи касби худро боло бардоранд. 

 
Маркази тестӣ дар назди факултети фосилавӣ (ғоибона) — ҳамчун сохтори таркибии Донишкада бо мақсади коркард ва таъминоти маҷмӯи саволномаҳои тестӣ барои татбиқи мониторинги раванди таълим тавассути қабули имтиҳонҳои ҷорӣ, ҳамзамон бо мақсади татбиқи нақшаҳои умумидонишкадавӣ оид ба такмил ва татбиқи барномаҳо ва чорабиниҳо барои назорат ва рушди сифати таълим бо роҳи такмили раванди таълим бо фармоиши ректор дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишкада соли 2015 таъсис дода шудааст. Аз соли 2015 бо қарори Шӯрои олимони Донишкада маркази таҳсилоти фосилавӣ ташкил карда шуд, ба намуди санҷиш як қисми донишҷӯён ба ин низом дохил карда шуд ва аз соли 2017-2018 пурра донишҷӯён ба низоми таҳсилоти фосилавӣ таҳсил намуда истодаанд.

 

Теъдоди фонди махзанҳои электронии маркази таҳсилоти фосилавии Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 20000 ададро аз рӯи ихтисосҳои гуногун ташкил медиҳад. 
Истифодаи 
китобҳои электронӣ барои донишҷӯёни фосилавӣ ройгон буда, бевосита тавассути логину паролашон ба сомонаи  fosilavi.dotpanj.tj ворид шуда аз он самаранок истифода мебаранд.
        Аз китобхонаи электронии донишҷӯён маводҳои таълимӣ (лексия, силлабус, дастури методӣ) ва инчунин, китобҳои таълимию бадеиро истифода мебаранд.
             Вориднамоии номгўи адабиёт дар барномаи “moodle”, ки аз ҷониби сардори бахши фосилавӣ сурат мегирад. Тамоми адабиёти тозанашри ба шуъбаҳои китобхона воридшаванда саривақт сканер карда  ба ин барнома ворид карда шудааст. Барномаи “Moodle” дар дар маркази таҳсилоти фосилавии донишкада нақши феҳристи электрониро иҷро менамояд. Аз ин барнома донишҷӯёни фосилавӣ бе мамоният ба худгирифта метавонанд.