Таджикский педагогический институт в Пенджикенте

Парки технологӣ

Парки технологӣ

         Парки технологӣ  муассисаи ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, он дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои иноватсионӣ ва инвеститсионӣ фаъолият менамояд. 

   Парк дар доираи Оинномаи худ, ки дар он вазъи ҳуқуқии Парк муайян гардидааст, бо тартиби   муқаррарнамудаи   қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.  

Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Парки технологӣ бо мақсадҳои зерин таъсис дода шудааст: 

– рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент; 

–   татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ; 

– ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ; 

–  мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосир; 

– таҳкими заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаи таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология; 

–  муттаҳид сохтани нерӯи зеҳни барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот; 

– ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот; 

– рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои хурду миёна: 

– ташкили ҷойҳои нави корӣ; 

– дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ; 

– ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва тиҷорати инноватсионӣ.  

Вазифаҳои асосии Парк аз инҳо иборат мебошад: 

– ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ ба истеҳсолот; 

– ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳни баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифат дар истеҳсолот; 

–  омӯзиш ва истифодаи технологияи аълосифате, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад; 

– такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд; 

– рушди ҳамкориҳои байналмилали дар соҳаи инноватсионӣ.

Парки технологии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оиди дастовардҳои илмӣ ва татбиқи онҳоро дар амал омода сохтан чунин корҳоро иҷро намуд.

Дар баробари корҳои нақшавӣ, кормандони Парки технологӣ мувофиқи пешниҳоди сохторҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва супориши аз ҷониби роҳбарияти Донишкада воридшударо сари вақт иҷро менамоянд. 

Вобаста ба пешрафти илму техника ва талабот ба мутахассисони барномасоз кормандони Парки технологӣ барои омӯзиши забонҳои барномасозии нав ба нав дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ барои барномаи ҳукумати электронӣ ҳамарӯза кӯшиш менамоянд.