Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон


Шарифова Гулпарӣ Ҳамдамовна, 21 июни соли 1972 дар ноҳияи Мастчоҳ, дар оилаи зиёӣ рӯзноманигори шинохтаи кишвар, нависанда, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Aълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  — Мирзоҳамдам Шарифзода ба дунё омадааст.Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Шарифова Г.Ҳ. соли 1979 ба мактаби миёнаи №1-и шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ рафта, соли 1989 мактаби миёнаи №16-и ҳамин ноҳияро хатм намудааст.

Соли 1989 ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ) факултети филологияи тоҷик шомил гардида, соли 1996 фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид.

Фаъолияти омӯзгориро соли 1993 аз мактаби миёнаи № 1, ба номи Степан Разини шаҳри Панҷакент оғоз намуда баъдтар соли 2000 ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики литсейи шаҳри Панҷакент давом додааст.

Соли 2006 ба сифати мутахассиси шуъбаи таълим, сипас устоди калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, ва соли 2016 ба ҳайси сардори шуъбаи илм ва инноватсияи ДОТП фаъолият намуда истодааст.

Шарифова Гулпарӣ соли 2019, 27 феврал зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус рисолаи номзадии хешро таҳти унвони “ Таҳлили ҷанбаҳои ахлоқию бадеӣ дар насри Ӯрун Кӯҳзод “ сарбаландона ҳимоя намуд.

Муаллима соҳиби 1 монография, якчанд рисолаҳои илмӣ ва зиёда аз 80 мақолаҳои илмию методӣ мебошад, ки дар китобхонаҳои илмии донишгоҳҳои кишвар ҳамчун корҳои эҷодии олимони ҷавон нигоҳ дошта шудааст.

Муаллима соли 2017 монографияи илмии хешро ба муносибати 80 солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод бо номи “Адиби андешапарвар” интишор намуд.

Якчанд рисолаи илмии дигар, аз ҷумла “Афзал-ут-тазкор-фи-зикр-уш-шуарро вал ашъор”-и Афзал Махдуми Пирмастӣ (шоир ва тазкиранигори асри 19-и тоҷик), маҷмӯи мақолаҳо бо номи “Шукуфаҳои андеша”, гирдовариҳои маҷмӯаҳои ҳаммуаллифии “Ангезаҳо хирад” таълиф намудааст.

Мақолаҳояш дар маҷалаҳои байналмиллалӣ ва ҳамсоякишварҳои Қазоқистону Ӯзбекистон нашр шуда, худ иштирокчии якчанд анҷуманҳои илмӣ-амалӣ байналхалқӣ мебошад.

Бо рӯзномаҳои “Адабиёт ва санъат”, “Омӯзгор”, “Зарафшон” ва маҷаллаи илмии “Адаб” ҳамкории қавӣ дорад. Дар факултети филологияи ДОТП аз фанҳои Муқаддимаи адабиётшиносӣ ва Таърихи адабиёти тоҷик дарс мегӯяд.