Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Шӯрои занон

Воҳидова Гулнора Рафиковна устоди калони кафедраи педагогика-психология, раиси шӯрои бонувони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, соли таваллудаш 19 июни соли 1965, миллат тоҷик, маълумоташ олӣ.

Воҳидова Гулнора соли 1990 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Дунашанбе қабул гардида, донишгоҳи мазкурро соли 1994 аз рӯи ихтисоси омӯзгори фанни педагогика ва психология бомуваффақият хатм намуд. Пас аз хатми  донишгоҳи номбурда ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ба ҳайси омӯзгори фанни педагогика ва психология  ба кор қабул карда шуд. Фаъолияти баланди корӣ ва маҳбубияти беандоза нисбат ба пешаи интихобкардааш ба инобат гирифта шуда,  аз соли дувуми кориаш бо қарори ҷаласаи кафедра ва Шӯрои олимони донишкада мавсуфро ба ҳайси устоди калони кафедраи педагогика –психология пешниҳод намуданд.

Тайи 11 сол аст, ки Воҳидова Гулнора дар донишкада аз фанҳои педагогика, психология ва этикаи касбӣ аз пайи таълиму тадрис аст. Ҳамчунин дар баробари пеш бурдани раванди таълим дар вазифаи раиси шӯрои бонувони донишкада муддати 5 сол аст, ки фаъолият бурда истода ба ҷиҳати тарбиявии донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар фаъолияти кориаш Воҳидова Гулнора тавонистааст худро чун омӯзгори пурмаҳсулу эҷодкор, ҷӯёву ташаббускор, ташкилотчиву пешсаф нишон диҳад. Дарсҳояш пайваста бо асбобу аёниятҳои замонавӣ ва инноватсионӣ мегузарад, ба корҳои курсию дипломии шогирдонаш роҳбарӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳояшон ҷиддан машғул мешавад. Дарсҳои кушоди Воҳидова Гулнора ва чорабиниҳои тарбиявию фарҳангии гузаронидааш аз ҷониби устодон хуб истиқбол  гирифта шуда, сазовори баҳои аъло мегардад ва  ҷавобан ба заҳматҳои пайвастааш бо ифтихорномаҳои раёсати донишкада ва раиси шаҳр, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо қадрдонӣ карда шудааст.