Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

ҲУНАР – СИМУ ЗАР

Як гурӯҳ довталабон аз ҳар гӯшаю канори мамлакатамон  имсол тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ба факултаи филология, ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ дохил шуданд. Донишҷӯёни ин ихтисос аз худ дониши хуб ва малакаи баланди омӯзиш нишон дода, аз моҳи аввали таҳсил бо дастгирии садри факултет номзади илмҳои педагогӣ  Мақсудов З, устодон  Ғаффоров М. ва Исроилов О намоиши ҳунари дасти донишҷӯёни худро дар донишкада ба намоиш гузоштанд.

Дар ин намоиш ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Воҳидов Ш., ноиби ректор оид ба таълим номзади илмҳои иқтисодӣ Наҷмиддинов Ф. раиси иттифоқи касаба Усмонов Х., иштирок намуда, ба ҳунару дониши  донишҷӯён баҳои баланд доданд. Дар охир Воҳидов Ш. ба донишҷӯён барои дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ  иштирок намудан  ва тақвият додани ҳунару донишашон маслиҳатҳои муфид доданд.