Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Мо ба террористон нафрат дорем!

Имрўз, ки вазъи сиёсии ҷаҳон хеле мушкил ва ҳассос гардидааст, таҳдиди экстремизм ва рўй овардани иддае аз ҷавонони ғофилу ноогоҳ ба гурўҳҳои ифротагро ҳар як фарди солимақли ҷомеаро водор месозад, ки ба ин масъала бепарво набошад. Бинобар ин, рисолати муқаддаси тарбияи инсони бомаърифат, хусусан, ҷавонон бар зиммаи муассисаҳои таълимӣ аст. Фазои тарбият ва тадрисро дар ягон ҷой лаҳзае холӣ мондан дуруст нахоҳад шуд.

         Гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто моро ҳушдор медиҳад: «Таъкид менамоям, ки вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад. Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурўҳҳои террористиву ифротгаро мегардад.

                                      (Паёми Президенти кишвар аз 26.12.2018)

         Мусаллам аст, ки ин падидаҳои номатлуби аср-терроризм ва экстремизм на ватан дораду на миллат. Ин зуҳуроти манфӣ дар он ҷое ба мисоли заҳрпечак неш задаю реша медавонад, ки сатҳи маърифати мардуми минтақа паст бошад, ё гирифтори бепарвоию бедардӣ бошанд.

         Саъдии бузургвор беҳуда ҳанўз қариб ҳаштсад сол пеш нагуфта буд:

                   Бани одам аъзои якдигаранд,

                   Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,

                   Чу узве ба дард оварад рўзгор,

                   Дигар узвҳоро намонад қарор.

         Пас, барои пешгирӣ ва решакан намудани ин вабои аср бояд дастҷамъона мубориза бурд.

         Ҳоло бисёриҳо дар коста шудани ахлоқи ҷавонон, телефонҳои мобилӣ, интернет ва намоиши фиттаҳои хориҷиро сабаб медонанд. Месазад, ки ба ҷои шикоят кардан ҳам мактаб, ҳам оила, ҳам намояндагони муассисаву таълимгоҳҳо роҳҳои дуруст ва самараноки истифода аз ин воситаҳои муосири техникиро омўзонанд., то ҷавонони мо аз фазои орму осудаи кишвар истифода намуда, дар пешравӣ ва боз ҳам чун гулгулшукуфоии меҳани азизи худ саҳми арзанда гузоранд.

                                      Холова Гулбаҳор-омўзгори забон ва                                       адабиёти руси Коллеҷи омўзгории                                       шаҳри Панҷакент