Таджикский педагогический институт в Пенджикенте

ТЕРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро зуҳурои мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳайати арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бенизомӣ, таѓйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ѓасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Террорист аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошанд. Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задании шаъну шарафи инсон, хусусан  гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад.

Мақсади гурўҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ зишт ва нопок аст, поя надорад, зуд-зуд пароканда шуда оқибати бебақо хоҳанд монд, аммо саркардагони онҳо боз падидаҳои ҷадидеро пайдо намуда, сафи худро пурра намуда, ҳаракатҳои худро бо роҳи нав рўи кор оварда истодаанд. Ҷои таассуф он аст, ки агар аз як тарафҷонию ин амалҳои манфурона шумораи куштори  занону кўдакон  ва одамони бегуноҳро дар ҷаҳон замон ба замон  афзун мекунад, аз дигар тараф – иттилоотҳое, ки дар расонаҳои хабарӣ пахш мешаванд, маълум шудааст, ки дар сафи ин гурўҳҳо бештар ҷавонону наврасон, ки бояд дар сиришти онҳо пур аз меҳру муҳаббати ватан саршор бошад шомил гашта акси ҳол нисбат ба Ватани хеш нигоҳи бадбинона зоҳир менамоян, амали нобахшидании хиёнаткориро пеша интихоб намудаанд. Акнун барои онҳо не Ватан, не миллат, не муқаддасоти он ягон маъно ё арзише надорад, ки ин ваҳшоният бисёр даҳшат аст. Яқинан маълум аст, ки онҳо аз қабили ҷавононе мебошанд, ки аз таълиму тарбия дурр монда, сатҳи дониши паст доранд.

Бинобар ин мо – шаҳрвандони кишвар, омўзгорон ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бод арки имасъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилонава самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятшинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рўҳи ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дасоварҳои истиқлолият таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

                                      Каттаев Отабек- омўзгори фанни ҳуқуқи                                                     факултаи фанҳои гуманитарии

                                      Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент