Таджикский педагогический институт в Пенджикенте

Терроризм -зуҳуроти номатлуби замони муосир

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониашон оид ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри навин-терроризм ва экстремизм,ки боиси муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра,инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон изҳори андеша намуда,баҳри пешгирӣ намудани ин гуна ҷиноятҳо,саъю кӯшиш ва мубориза мебаранд.Ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои Миллат на танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон,балки дар арсаи ҷаҳонӣ низ қувваи ҳуқуқӣ-амалии худро гирифтааст,ки тамоми сарони давлатҳои дунё қобили қабул шуморида,ҷонибдорӣ менамоянд.

          Терроризм,яъне содир намудани таркиш,сӯхтор,тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре,ки боиси хавфи марги одамон ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хафнок мегардад,агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ,тарсонидани аҳолӣ,инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо,бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯлати аз 5 сол то 10 сол ва агар ин кирдор такроран содир шуда бошад,бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 сол то 15 сол,инчунин агар ин гуна кирдорҳо аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ва ё дар алоқамандӣ бо истифодаи яроқи қатли ом,ки ба ҳалокати оммавии одамон оварда мерасонад,бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 15 сол то 25 сол ё ҳабси якумра ҷазо дода мешавад.

         Терроризм чун вабои аср дар ҷаҳон хатари ҷиддӣ дошта,як таҳдидест,ба ҷони ҳар як фарди сайёра.Ин гурӯҳи ифротгаро ва хунхор бо мақсадҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ,номи дини мубини Исломро доғдор сохтааст,зеро дини мубини Ислом ягона дини пок дар ҷаҳон аст ва инсонро танҳо дар роҳи некиву нексириштӣ тарбият мекунад.

Боиси таассуф аст,ки имрӯзҳо сафи шомил шудани ҷавононба воситаи идеологияи динӣ ба ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ  хеле афзуда истодааст.Ин аз саводи кофии диниву дунявӣ надоштани онҳо дарак медиҳад.Аз ин хотир,мо устодон,падару модарон бояд шогирдон ва фаврзандони худро тарзе тарбия намоем,ки ҳисси ватандӯстии онҳо бедор шавад,масъулияти худро эҳсос кунанд,вақти худро бисёртар ба хондани китобҳо ва асарҳои бадеӣ сарф намоянд.Зеро ҷавонон нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд.

Фатҳуллоева Шаҳло

Устоди кафедраи таъриху ҷомеашиносии ф.ф.гуманитарии КОШП