Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

Варзиш гарави саломатӣ

Донишҷӯи курси сеюми факултети ТАБИАТШИНОСӢ ВА ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Бердимуратов Ойбек дар чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг бо роҳбарии устоди калони факултет Самадов Миршод Самадович сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардид. Санаи 13 декабри соли ҷори устодону донишҷӯёни  донишкада ғолибони мусобиқаро дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон бо тӯҳфаҳо пешвоз гирифтанд.